Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки 93% ҳудуди мамлакатро кӯҳҳо фаро гирифтаанд, ки ба системаи кӯҳсори Тёншон, Ҳисору Олой ва Помир мансубанд. Қариб нисфи ҳудуди Тоҷикистон дар баландии зиёди аз 3000 м воқеъ мебошад. Ҳамвориҳо дар канори дарёи Сир, ғарбии водии Зарафшон, водии Ҳисор, Кофарниҳону Вахш ва Сурхоби Ҷанубӣ ҷойгир шуда 7% ҳудуди мамлакатро фаро гирифтаанд. Пасткӯҳҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд. Паҳнои Тоҷикистон аз сатҳи баҳр дар баландиҳои аз 300 м то 7495 м воқеъ мебошад, табиати ба худ хос дорад.

Барои Тоҷикистон иқлими гарму хушк, континенталии шадид, зимистони кӯтоҳу мулоим ва тобистони тӯлонии гарм хос мебошад. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво аз +17,2°С дар ҷануб (Айвоҷ, Шаҳритус) ва то минус (-) 6,9°С дар пиряхи Федченкои Помир тағйир меёбад. Дар қисми ҷанубии мамлакат ҳарорати миёнаи моҳи январ +2°С-0°С, июл +28-30°С (дар Айвоҷ ба 48°С мерасад), дар қисми шимолии мамлакат моҳи январ -2°С, июл қариб +30°С-ро ташкил медиҳад. Дар Булункӯли Помири ҷанубу шарқӣ ҳарорати моҳи январ то минус 63°С паст мефарояд.

Боришот дар ҳудуди Тоҷикистон дар фаслҳои сол ва музофотҳои гуногуни он нобаробар тақсим шудааст, ки он ба хусусиятҳои релйеф, орография, баландии аз сатҳи баҳр ва ба самти ҳаракати анбӯҳҳои ҳавои атмосферӣ алоқаманд мебошад. Қисми бештари бориш дар мавсими хунуки сол ва баҳор меборад, тобистон бештар хушку камбориш аст. Соле дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор (Хоҷаобигарм) ва музофоти Раштонзамину гиреҳи пиряхи Федченко 1500-2000 мм бориш мешавад. Дар водии Фарғонаю ҷанубии Вахш ва

пешина
аз 93
навбатӣ