Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
ангезиш меоварад ва он ба нимкураи калони мағзи сар дода мешавад. Ин ҳолат ба тамоми аъзои бадан таъсири судманд мерасонад, гардиши хунро метезонад, ба узвҳо ва бофтаҳои дардманд хун бештар меравад. Аз ин лиҳоз хун ба аъзои бадан ҳар чӣ зиёдтар моддаҳои ғизоӣ ва оксигенро паҳн мекунад, ҷараёни оксиду барқароршавиро муътадил мегардонад, мубодилаи моддаҳо ва газҳо метезад, нафасгирии бофтаҳоро хуб мегардонад, давргашти хурди моддаҳоро беҳ карда, системаи асаб ва рагҳои хунгардро мустаҳкам мекунад (Ҳ. Очилов, Ҳ. Аброров — Л. 1995, с. 32).
Таъсири биокимиёвии лойқа ба организм ба восираи моддаҳои бухоршавандаи таркиби лойқа, тавассути таъсири ионҳои гуногун, кислотаҳои органикию ғайриорганӣ, моддаҳои фаъоли биологии гурӯҳи гормонҳои ҷинсӣ, микроэлементҳо ва антибиотикҳо мебошанд. Сатҳи пӯст аз гармии лойқа васеъ шуда, моддаҳо ва элементҳои алоҳидаи кимиёвиро ба аъзои бадан мегузаронад. Маҷмӯи тағйироти дар боло тавсифшуда, барқароршавию сиҳатёбии ҳуҷайраю бофтаҳои осебдидаро метезонад — даво мебахшад. Аз ҷониби дигар, омилҳои физикӣ ва биологӣ ба муқобили вараму омос амал карда, моддаҳои ҳазмшуда, микробҳои зараровар, моддаҳои нолозими ҳангоми мубодила пайдошуда ва дигар олоишҳои зарароварро тавассути аъзои ихроҷ тоза мекунад, ба берун мебароянд.
Ниҳоят дар ин раванд дард таскин меёбад, омосу варамҳо мегарданд, иштиҳо хуб мешавад, ҷойҳои осебдида (касал) сиҳат меёбад, ҳаракати рагу пайвандҳо беҳтар мешавад. Ба ҳамин тариқ қобилияти мӯътадили

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё