Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

тунук, ниҳоят ба қум табдил ёфта, сонӣ тамоман барҳам мехӯрад.

Лойқаи давоии Оқсукон ба ҷисми зиндаи том, ки худ худашро ба низоми муайян дароварда меистад, шабоҳат дорад. Он аз пайвастагиҳои ғайриорганикӣ, органикӣ, микроорганизмҳо, бақияи вайроншуда-истодаи организмҳои мурда, элементҳои радиоактивӣ ва ғайра иборат мебошанд. Муайян карда шудааст, ки дар таркиби лойқаи Оқсукон 93 хели унсури кимиёвӣ дучор мешавад. Аз моддаҳои кимиёвии ғайриорганикӣ дар таркиби он хлориди натрий, сулфати натрий, кислотаи силикат, пайвастагиҳои алюминий, оҳан, карбонатию сулфатӣ, инчунин элементҳои алоҳида аз қабили магний, бор, калий, фосфор ва дигарҳо мавҷуданд.

Аз моддаҳои органикӣ дар таркиби лойқаи кӯл моддаҳои фаъоли биологӣ, витаминҳо, ферментҳо, гормонҳо, антибиотикҳо, аминокислотаҳо ва ғайра дучор мешаванд. Микроорганизмҳои лойқа дар ҷараёни фаъолияти худ ҳаргуна антибиотикҳоро ҳосил мекунанд ва ин моддаҳо хосияти давоии лойқаро баланд мебардоранд. Маҳз ҳамин маҷмӯи ягонаи том ба лойқаи кӯл хосиятҳои давоӣ ато кардаанд. Тобистон зери таъсири нурҳои сӯзони офтоб гармии лойқа ба 50°С мерасад.

Асосҳои физиологии таъсири табобатии лойқаи Оқсукон дар чист? Ин пеш аз ҳама ба омилҳои физикии лойқа, аз қабили гармигунҷоиши калон доштан, яъне ҳароратро хуб нигоҳ медорад ва гармиро кам пароканда мекунад. Лойқаи давоӣ бештар дар ҳолати гарм ба сатҳи бадани беморон гузошта мешавад. Ҳарорат ва таъсири механикӣ асабҳои сатҳи пӯстро ба

пешина
аз 93
навбатӣ