Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

шуъдоро ҳам фурӯгузор кунем, маъно халал намеё-дад. Чунончӣ дар ин ҷумла: «Идораҳои мазкур вази-фадор карда шудаанд, ки...» Ин ҷо «вазифадоранд, ки...» гуфтан мумкин буд. Ё он ҷумларо чунин тағйир додан ҷоиз аст: «Ба зиммаи идораҳои мазкур вазифа гу-зошта шудааст, ки...» Ё ки: «Дар назди идораҳои маз-кур вазифае истодааст, ки...» ва ҳоказо. Дар ҳамаи ин ҷумлаҳо маъно як аст.

Хуллас хабарҳое, ки бо «карда шуд» («карда ша-вад» ва ғайра) сохта шудаанд, аксаран аз ҷумлаи қо-либҳои дурушти сунъӣ мебошанд, ки ба назари ками-на, роҳҳои гуногуни халосӣ аз онҳо ҷустан зарур аст.

Ҳаминро ҳам қайд кардан даркор аст, ки он чӣ дар хусуси феъли «кардан» гуфта шуд, ба баъзе феълҳои дигар ҳам дахл дорад. Гоҳо ба ҷойи «кардан» ягон феъ-ли дигар, масалан «гардондан»-ро мегузоранд ва аз он шакли маҷҳул месозанд, ки дар натиҷа ҷумлаи ваз-нини ва табиаташӣ ҳосил мегардад. Чунончӣ дар ми-солҳои зерин асосан бо мақсади ин ки феъли маҷҳул ба даст ояд, ҷумлаи носуфтае тартиб додаанд:

«Дарёи Нил мутеъ гардонда шуд». Дурусташ: «му-теъ шуд».

«Вазъияти байналхалқиро мӯътадил гардондан ло-зим аст». Дурусташ: «ба эътидол овардан лозим аст».

«Солишнома ба имзо расонда шуд». Дурусташ: «ба имзо расид» ё «имзо шуд».

«Баъди торумор гардонда шудани душман сулҳнома бастанд». Дурусташ: «баъди торумор гардидан (шу-дан)-и душман сулҳ бастанд».¹

3

Ин ҷо боз ба як ҷиҳати дигари масъала диққат ҷалб кардан мехоҳем.

Гоҳ дар он ҷое, ки лозим аст, феъли «кардан» (ё «на-мудан» ва дигар муродифҳои он)-ро кор намефармоянд, ки ин ҳам, албатта, нодуруст аст.

Масалан, чунин ҷумла сохтаанд: «Барои барқарори он ҷангалҳо садсолаҳо лозим аст». Дар ин ҷо баъд аз

¹ Ибораи сулҳнома бастан ҳам дуруст нест ва ба ҷойи сулҳ бастан омадааст. Сулҳнома ҳуҷҷатест, ки дар вақти ба сулҳ омадани ду тараф тартиб дода мешавад, яъне коғазест, ки онро имзо мекунанд. Дар ин маврид нисбат ба ҳуҷҷат ва коғаз феъли «бастан» чандон муносиб нест.

пешина
аз 393
навбатӣ