Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

мақолаҳои даҳаи навадум чоп шудаанд ва дар китобҳои банда «Хуросон аст ин ҷо» (1995) ва «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ» (2002) баён гардидаанд.

Ниҳоят, соли 2004 нашриёти «Ирфон» ва сарвари он Ҷӯрабой Шарифов лутф фармуданд, ки китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-ро боз ба чоп омода бисозам. Банда зуд онро дубора андак вироиш (таҳрир) ва тасҳеҳ карда, ба чоп супурдам. Мутаассифона, ба сабаби пирӣ ва дардмандӣ натавонистам онро такмил диҳам ва дар асоси маводи имрӯза пажӯҳиши тозае анҷом дода, натиҷаи онро ба ин китоб илова бикунам.

Ин корро як андоза профессор Баҳриддин Камолиддинов анҷом дода буд. Ӯ дар китоби «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» (2001) масъалаҳои фарҳанги сухан дар ҳудуди садаҳои 20 ва 21, яъне вазъи забони матбуоту нашриёти тоҷикии солҳои охирро бештар дар асоси натиҷаҳои пажӯҳиши банда, ки дар китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» ҳаст, таҳқиқ кард. Он китоби Б. Камолиддиновро идомаи худвежаи ин китоби банда метавон донист.

Банда солҳои охир кӯшише пеш гирифтам, ки он пажӯҳиши илмӣ ва таҳлили мушаххасро, ки дар китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» омадааст, ҷамъбаст бикунам, дар бораи он чӣ ба сари забони форсии тоҷикӣ дар садаи бист омад, баъзе хулосаҳои умумӣ барорам. Ин корро нахуст андаке дар мақолаи «Инсонгарой ва ҳамбастагии саводу маънавият», ки дар китоби «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ» дохил шудааст, хостам анҷом бидиҳам. Баъд китоби банда «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист»
(«Адиб», 2003) ба табъ расид. Дар ин китоб дар ҳеҷ мавриде барои исботи фикр калимае, иборае, ҷумлае бо таҳлили илмӣ оварда нашудааст. Хулосаву натиҷагириҳои ин китоб такя ба он таҳлили мушаххас дорад, ки дар китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»
омада буд. Китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» иборат аз баррасии мисолҳои зиёде аз забони тоҷикии имрӯз буда, натиҷагирӣ аз он баррасии мушаххас дар китоби «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист» омадааст. Хонандаи мӯҳтарам пас аз хондани китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» бояд китоби «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист»-ро мутолиа бифармояд, то ба натиҷагирии

пешина
аз 393
навбатӣ