Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

пажӯҳиш натиҷаҳои ҷолиб дод ва соли 1964 як силсила мақолаҳое ба қалам омад, ки бо сарлавҳаи умумии «Сухан аз забон ва тарзи баёни аҳли матбуот» соли 1965 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (№ 10, саҳ. 90-145) чоп шуд. Ин силсиламақолаҳо бо тасҳеҳу такмил соли 1968 ба китоби банда «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», ки нашриёти «Ирфон» чоп кард, дохил гардид.
Ин ҷо ҳаҷми он силсиламақолаҳо қариб ду баробар зиёд шуда буд (саҳ. 27-126). Пас аз ин ҳам ҷамъоварии мавод ва пажӯҳиши он давом кард ва китоби дувум, ки низ бо ҳамин ном боз дар нашриёти «Ирфон» соли 1985 чоп шуд, иборат аз 367 саҳифа буд.

Аз соли 1985 дар кишвари шӯравӣ бозсозии М. Горбачёв шурӯъ гардид ва дар андак муддат зиндагӣ зерӯ забар шуд. Дар фаъолияти илмӣ ва иҷтимоии банда мавзуъҳои дигар пеш омаданд, масъалаи забони миллӣ ва ҳифзи он аз харобӣ ранги дигар гирифт. Пархоше дар роҳи забони давлатӣ дар Тоҷикистон пештар аз дигар ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз сар шуд. Дар натиҷаи ин пархоши доманадор соли 1989 «Қонуни забон» қабул гардид. Бо ин санади таърихӣ забони форсии тоҷикӣ дар Тоҷикистон ҷойгоҳи давлатӣ ёфт, барои инкишофи арзишманди забони миллии мо, барои ин ки забони миллӣ вазифаҳои иҷтимоии худро дар ҳама гӯшаҳои ҷомеа озодона иҷро намояд, яъне дар ҷомеа фаъол шавад ва пӯёиву ҷавлон боиси рушду камоли он гардад, заминаи қонунӣ ва асоси ҳуқуқӣ ба даст омад. Ин муборизаҳо ва каниши мавзуъҳое аз қабили худшиносии иҷтимоиву маънавии миллат, ки бо Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991), ба вежа бо ҷанги дохилии бародаркушӣ (1992-1997) аҳамияти хоса пайдо кард, банда имкон наёфтам, ки тасҳеҳу такмили китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-ро идома бидиҳам. Азбаски солҳои 1989- 2000 раиси Кумитаи истилоҳот будам, фақат ҳамин қадар тавонистам, ки бо фарҳанги забон вобаста ба истилоҳоти илмӣ, идорӣ, иҷтимоиву сиёсӣ машғул бошам.
Дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки чанд гоҳ дар Душанбе табъу нашри китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо хеле коҳиш ёфта буд, Кумитаи истилоҳот дар зарфи панҷ сол чаҳор фарҳанги истилоҳот аз чоп баровард. Ва чанд фарҳанги дигарро ба нашр омода кардем. Чигунагии масъалаи фарҳанги сухан дар алоқамандӣ бо истилоҳот дар чанд мақолаи камина, ки дар рӯзномаву ма-

6

пешина
аз 393
навбатӣ