Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
мебошад (монанди йӯлдош — ҳамроҳ, кундош — ҳамруз, ҳамтақдир ва ғайра). Нависанда, ки аз ин баромади аслии калима бехабар буд, инро калимаи тоҷикӣ пиндоштааст ва қарор додааст, ки дар ин сурат калима дар охир бояд як т ҳам дошта бошад. Бо ҳамин пиндору гумону тахминҳои беасос саҳмдошт навиштааст. Дар ин сурат ҳам аҳамияте надодааст, ки ин калимаи тоқабароварди ӯ дар ҷумла чӣ маънӣ дорад.
Ҳамин аст натиҷаи қаламзании башитоб ва дур аз огоҳӣ!
Бисёр дидаем, ки менависанд: вазифаи масъул. Ваҳол он ки масъул ҷавобгар аст, касест, ки ба гуфти устод Айнӣ, «некӣ ва бадии кореро аз вай мепурсанд ва ӯ маҷбур аст, ки ба ин пурсиш ҷавоб диҳад» («Луғати нимтафсири»). Пас вазифаи масъул вазифаи ҷавобгар аст? Оё вазифа метавонад, ки ҷавобгар бошад? Не, ин ҷо мақсади аслии қаламкашҳо вазифаи масъулиятнок гуфтан аст. Аммо фурсат надоранд, ки маънои масъул, масъулият, масъулиятнок ва фарқи онҳоро аз дигар ба андеша гиранд. Пас якеро ба ҷойи дигаре ба қалам меоранд.
Боре аз як рӯзнома ин ҷумла ба назар расид: «Суфанишастагон аз шамоли форами бодбарак роҳат мекунанд». Аввалан, ба ҷойи суфанишастагон суфанишинӣ гуфтан беҳтар мебуд. (агарчи Ҳофиз гуфтааст:
«Қанитинишастагонем, эй боди шӯрта, бархез»). Сониян, бодбарак ба ҷойи бодбезак ва бодбизан омадааст. Бодбезак на бодбизан чизест, ки бо он худро бод медиҳанд, аммо бодбарак қоғазест, ки бачагон ба вай ресмон баста, ба ҳаво меронанд. Яъне аз бодбезак то бодбарак фарқ аз замин то осмон аст. Муаллифи ҷумлаи боло мехост бодбезак ё бодбизан гӯяд, вале бодбарак ба қалам омадааст. Аз чунин муаллифон дур нест, ки ба ҷойи ҳамин осмон нависанд. Ва муҳаррирон ҳам ба дастнавис як чашми нимпӯш давонда, ба поуни саҳифа имзо хоҳанд гузошт.
Як нависандаи намоён боре аз кори адибон ва тариқи устодиву шогирдии онҳо сухан ронда, аз ҷумла
навишта буд: «Калонсолон як-ду китоби шогирдонашонро таҳрир карда, бо як сарсухани хайрхоҳона ба
корашон «фатво» дода, бо ҳамин «уқобак»-ро сар медиҳанд, бирав, ту медонию осмонат». Аз носуфтагии ин
ҷумла ва сустии киноя чизе намегӯем, фақат ҳаминро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё