Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

таъкид мекунем, ки фатво ба ҷойи фотиҳа омадааст. Фатву ҳукми шаръ аст, ки аз тарафи муфтӣ, шайхул-ислом, фақеҳ ё қозӣ ҳангоми ба миён омадани баҳсе дода мешуд, аммо фотиҳа дуои хайр ва рухсату иҷозат аст. Модомки дар ҷумлаи боло сухан аз устоду шогирд рафтааст, фотиҳа бештар бамаврид меомад.

Таъбири халқии аз тағи нохун чирк кофтан машҳур аст. Маънои он айбҷӯйиву хурдагирӣ мебошад. Аммо дар баъзе навиштаҳои имрӯза, масалан, ба ин школу дида мешавад: «Шикоятгар аз магзи нохун чирк мекофтааст». Шояд муаллиф барои муболиға ва тақвияти сухан тағи нохун-ро ба магзи нохун иваз карда бошад. Лекин бо ин кор пояи мантиқи суханро суст кардааст. Аз магзи нохун чирк кофтан мумкин нест, чирк дар зери нохун ҷамъ мешавад. Аз тағи нохун чирк кофтан худ ибораи маҷозии муболиғаомези олиҷанобест. Ба чунин маҷозҳои халқии пурмазмун бо ҷиддияти тамоми наздик шудан лозим аст. Фақат қалами баъзе нависандагони забардасте қодир аст, ки ба маҷозҳои халқӣ дигаргуние дароварад ва дар ин кор ба комёбӣ ноил гардад. Мо, қаламкашҳои одӣ, бояд кӯшем, ки асли халқии маҷозҳоро ёфта, ба тарзе кор фармоем, ки мантиқи бадеии он намудор шавад ва суханро қувват диҳад.

Муносибати дур аз эҳтиёткорӣ ба сухани халқ дар ин ҷумла ҳам ба мулоҳиза меояд: «Бисобира чун мокуи бофанд дар рӯйи ҳавлӣ давугеҷ мекард». Ба назари мо, давугеҷ ба ҳаракати моку мувофиқ намеояд. Геҷ аз гечидан аст, ки муродифи лағжидан, яъне қариби ғалжидан мебошад. Ва ҳол он ки ҳаракати моку ба ин монандӣ надорад. Асли ибораи халқӣ ин аст, ки мегӯянд: моку барин медавад, моку барин рафта меояд. Мақсад аз ин гап давидан ва рафтуомади саросемавор аст. Феълҳои давидан ва рафта омадан ҳаракати мокуро нағз ифода мекунанд ва як ташбеҳи пурра ба миён меоранд. Аммо дар ҷумлаи боло чунин ташбеҳи олиҷаноб нуқс пайдо кардааст.

Яке аз ибораҳое, ки дар бисёр навиштаҳои имрӯза бидуни дарки маънои он ба кор меравад, ҳусну қубҳ аст. Чунончи навиштаанд: «Саъдӣ ба сеҳри калому ҷозибаи суханаш ҳусну қубҳи ғазали реалистиро устувор кард». Аввалан, ин ҷо мавриди ҳусну қубҳ нест, балки пояҳои ғазали реалистиро устувор кард гуфтан беҳтар мебуд. Сониян, муаллиф маънои ибораи «ҳусну қубҳ»-ро нафаҳмида кор фармудааст. Ҳусну қубҳ

пешина
аз 393
навбатӣ