Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

будам». Азбаски ҳиҷил сифат аст ва маънои он шарманда мебошад, мебоист ҳиҷил будам ё дар ҳиҷолат будам гуфта мешуд.

Нависандаи дигаре гуфтааст: «Дар ин муборизаи нобаробар яқин буд, ки зан қурбон шавад». Ин ҷо яқин буд ба маънои қариб буд ва наздик буд омадааст. Ва ҳол он ки маънои яқин тамоман дигар аст. Маънои он равшану возеҳ, ростиву дурустӣ, бовару эътимод ва монанди инҳост. Аз ин рӯ, маънои яқин буд равшан буд, тамоман маълум буд ва ҳоқазо мешавад. Аммо дар ҷумлаи боло матлаб ин нест. Пас муаллиф чаро яқин буд гуфтааст? Сабаб фақат ин аст, ки ӯ яқин-и ӯзбекиро дар назар дорад. Маънои калимаи ӯзбекии яқин наздик ва қариб аст, ки мақсуди муаллиф низ ҳамин мебошад. Вале ин калимаи ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ нагузаштааст. Дар забони адабии тоҷикӣ чунин калимае нест. Нависанда шунидааст, ки ба тоҷикӣ яқин аст, яқин донистам, яқин кардам ва ғайра мегӯянд, вале нафаҳмидааст, ки ин яқин калимаи арабист ва маънои он ба яқин-и ӯзбекӣ наздикие надорад. Ҳамин қаламронии беогоҳӣ сабаб шудааст, ки ӯ як яқин-ро ба ҷойи дигар яқин ба кор барад. Ин, ба назари мо, гуноҳи афвнопазир аст.

Ҳамин ҳолатро аз ин ҷумла ҳам, ки низ ба қалами нависандае тааллуқ дорад, мебинем: «Амири Бухоро ҳам ба хаттироҳиоҳанкашӣ иштирок дошт ва худро яке аз саҳмдоштҳо медорист». Аввал ин, ки калимаи ноҳинҷори хаттироҳиоҳанкашӣ муносиби қалами нависандаи намоёне нест. Ин калимаи панҷҷузъии вазнинеро, ки дар таркибаш ду изофати и ҳам дорад, ҳаргиз калимаи хуб наметавон донист. Ибораи кашидани хатти роҳи оҳан, сохтани роҳи оҳан аз он калима беҳтар аст. Сониян, ин ҷо саҳмдоштҳо чӣ маънӣ дошта бошад? Агар саҳмдорҳо мегуфт, маънӣ медошт ва маънои он ҳиссадорҳо, яъне онҳое, ки дар коре ҳиссае доранд, мебуд. Аммо нависанда чаро ба ҷойи саҳмдор саҳмдошт гуфтааст? Охир агар калимаи саҳмдошт дар забони мо вуҷуд медошт ҳам, маънои он тамоман дигар—саҳмдорӣ, саҳм доштан мебуд. Ин маънӣ ба мазмуни ҷумла ҳаргиз мувофиқ намеояд. Пас саҳмдошт дар ин ҷумла аз куҷо пайдо шуд? Ҷавоби ин савол хеле аҷиб ва ба куллӣ ғайри чашмдошт аст. Асли ин калима саҳмдош аст, ки нависанда аз туркии усмонӣ ва озарӣ ё ӯзбекӣ гирифтааст. Маънои он дар ин забонҳо ҳамсаҳм ва ҳамҳисса

пешина
аз 393
навбатӣ