Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Аз ин рӯ, барои изҳори хоксорӣ нисбат ба тӯҳфа, хизмат ва ғайра яке аз ин сифатҳоро ба кор бурдан даркор аст.
ЯК КАЛИМА БА ҶОЙИ КАЛИМАИ ДИГАР
Яке аз сабабҳои рӯй додани хатоҳои фоҳиш дар навиштаҳои имрӯза он аст, ки муаллифон баъзе калимаву ибораҳоро дар сурате ки маънои онҳоро намедонанд, бе он ки китобҳои луғатро дида бовар ҳосил кунанд, кор мефармоянд. Гоҳ онҳо калимаи лозимаро ҷустуҷӯ намекунанд ва ба ҷойи як калима калимаи дигареро ба кор мебаранд. Муаллифони мо аксаран ба шунид такя доранд, ҳар чиро, ки шунидаанд, бе тафтиш, бе он ки ҳақиқат кунанд, ба қалам мегиранд ва он чи ки шунид дар бисёр мавридҳо касро фиреб медиҳад, ба сӯйи саҳву хато мебарад. Албатта, одамизод аз аввал, аз кӯдакӣ забонро аз рӯйи шунид, аз он чӣ аз падару модар ва дигарон мешунавад, меомӯзад. Баъдтар ҳам, балки як умр шунид яке аз манбаъҳои асосии забономӯзист. Вале баъдтар фақат бо шунид маҳдуд шудан мумкин нест. Хусусан онҳое, ки бо қаламу коғаз сарукор доранд, бояд асосан ба омӯзиши қоҳона ва пайгирона такя кунанд. Онҳое, ки фақат ба шунид такя доранд ва тафтишу таҳқиқро пеша накардаанд, ҳам дар шакли калимаву ибора ва ҳам дар маънову мазмуни он бисёр хато содир мекунанд. Ҳақиқат бидуни тафтиш ва таҳлилу таҳқиқ ба даст намеояд. Афсус, ки имрӯз бисёр қаламдастон инро ба назар намегиранд. Сухансанҷӣ ҳангоми қаламронӣ, ба ҳар як калимаю ибора, ба ҳар як ҷузъи ҷумла махсусан диққат кардан, ҳар суханро гаштаву баргашта санҷидан торафт кам шуда истодааст.
Инак, як адабиётшинос гуфтааст: «Модари бемеҳр ба сари Вис мудҳишҳо овард». Маълум аст, ки мудҳиш сифат аст ва маънои он даҳшатангез, даҳшаттовар мебошад. Пас маънои ҷумлаи боло чӣ мешавад? Фақат дар сурате ки даҳшатҳо овард гуфта мешуд, аз ҷумла мақсаде ҳосил мегардид. Мудҳишҳо овард аз ҷумлаи қабоҳатҳоест, ки ҳар кас андак савод дошта бошад, бояд ба онҳо роҳ надиҳад.
Дар ин ҷумлаи як нависандаи намоён ҳам сифат ба ҷойи исм омадааст: «Ман аз дер омаданам дар хичил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё