Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

(Фарҳанги бузурги сухан). Ба ин сабаб термограф данигор ном гирифтааст (ниг.: Масоиле аз фарҳангу хупар ва забон, Теҳрон, 1359, саҳ. 222—223). Дар ин маврид аз калимаи ҳарорат ва ҳароратнигор даст кашидани донишмандони забони форсӣ, ба назарам, асос дорад. Лозим аст, ки ба тоҷикӣ ҳам температураро дамобигуем.

«ШАҲОДАТ» ВА «ШОҲИД»

Гоҳ-гоҳ дар навиштаҳои имрӯза ҷумлаҳое монандӣ би ба назар мерасанд:
«Ин ҳолат аз нуфузи ҳунармандон шаҳодат буд».
«Ба ин актёр супурдани роли Хлестаков шаҳодати он буд, ки...»

Феъли чунин ҷумлаҳо шаҳодат будан аст ва ҳол он ки дар ин гуна мавридҳо феъли шаҳодат додан истифода шавад, беҳтар аст. Чаро? Чунки шаҳодат ин ҷо ба маънои гувоҳӣ омадааст. Агар дар ҷумлаҳои боло шаҳодат ба гувоҳӣ иваз шавад, маъно халал мебинад: ин ҳодат... гувоҳӣ буд гӯем, матлабРО рост не, балки печонида баён мекунем. Шакли рости сухан ин аст: Ин ҳолат аз нуфузи ҳунармандон гувоҳ буд ё гувоҳӣ медод. Пас агар ба ҷойи гувоҳӣ муродифи он шаҳодат гузошта шупад, ҷумла ба ин шакл медарояд: Ин ҳолат аз нуфузи ҳунармандон шаҳодат медод. Лекин агар феъл аз пеми гувоҳ сохта ва ба ҷойи гувоҳ муродифи он шоҳид гузошта шавад, ҷумлаи мазкур ин ранг мегирад: Ин ҳолат аз нуфузи ҳунармандон шоҳид буд.

Бино бар ин, ҷумлаҳои боло ба ин тарз ислоҳ шапанд, беҳтар аст: Ин ҳолат аз нуфузи ҳунармандон шаҳодат медод ё ки шоҳид буд.

Ба ин актёр супурда шудани роли Хлестаков шаҳодат медод, ки... ва ё шоҳиди он буд, ки...

«ТУҲФАИ ҲОКСОРҲНА» НИШОНИ ҲОКСОРӢ НЕСТ

Яке аз гапҳои бемаънӣ, ки дар навиштаҳои мо бисёр дида мешавад, ҷумлаҳое аз ин қабил мебошад:
«Мо ба нависандаи маҳбуби худ туҳфаи хоксорона пешкаш мекунем».
«Ин дастовези хоксоронаи моро қабул кунед».
«Ин кори мо хизмати хоксорона ба Ватан аст» ва кокало.

Чунин тарзи суханронӣ аз хоксорӣ дур аст, зеро он чӣ дар ҳаққи худ ва кору туҳфаи худ ба ин тарз гуфта

пешина
аз 393
навбатӣ