Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

навхат калимаест, ки дар адабиёти классикии форсиву тоҷикӣ бисёр ба кор рафтааст. Дар адабиёти классикӣ ҷавони наврасеро, ки мӯйлабаш нав баромада бошад, навхат мегуфтанд. Ин калимаи хоси мазмунҳои ишқӣ буд. Пас аз Инкқилоби Октябр ба муносибати дигар шудани мазмуни ишқномаҳо калимаи навхат аз забони адабӣ берун шуд ва зиёда аз 50 сол истифода нагар- дид. Имрӯз аз нав зинда шуда дар забоншиносӣ маъ- нои тозаи истилоҳӣ пайдо кардани он ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб надорад ва бояд боиси эътироз нагардад.

Бо мурури замон, бо зарурати иҷтимоӣ, илмӣ ва ғайра дигар шудани маънои калимаҳо ҳодисаи қонунист. Ам- мо маънои хоси калимаеро надониста ба он маънои ди- гар додан ҳодисаи манфист, ки ба муқобили он мубо- риза кардан лозим аст.

«ТЕМПЕРАТУРА» Ё «ҲАРОРАТ»?

Ҳоло дар навиштаҳои мо ба ҷойи температура ба кор бурдани ҳарорат расм шудааст. Чунончи, мегӯянд: Ҳа- рорати ҳаво 10 дараҷа хунук аст.

Мо ақида дорем, ки ба ҷойи температура қабул шу- дани ҳарорат дуруст нест. Ҳарорат гармӣ гуфтан аст. Аз ин рӯ, онро фақат ба маънои температураи плюс кор фармудан мумкин аст: Ҳарорати ҳаво ба 10 дараҷа расид, яъне ҳаво 10 дараҷа гарм шуд. Лекин агар гӯем, ки ҳарорати ҳаво 10 дараҷа хунук аст, сухан аз мантиқ маҳрум мешавад.

Асли маънии калимаи лотинии температура ҳолат будааст. Бинобар ин температура гармиву сардиро ба- робар ифода мекунад: ҳам дараҷаи гармӣ (ҳарорат) ва ҳам дараҷаи сардиро температура гуфтан мумкин аст. Аз ин сабаб метавон гӯем, ки температураи ҳаво 10 дараҷа хунук аст ё ки температура ба 10 дараҷаи сардӣ расид.

Ба ин ваҷҳ мо таклиф дорем, ки ба тоҷикӣ барои ифодаи дараҷаи гармиву хунукӣ температура-ро чун истилоҳ қабул кардан беҳтар аст ва, агар зарур шавад, ҳарорат фақат барои ифодаи дараҷаи гармӣ, яъне тем- ператураи плюс бояд истифода гардад.

Барои қувват ёфтани ин таклиф хотиррасон меку- нем, ки дар «Фарҳанги русӣ ба форсӣ» температура воз- духа ҳарорати ҳаво ва сармои ҳаво тарҷума шудааст. Ба форсӣ ба ҷойи температура калимаи дамо қабул шуда- аст ва онро «мизони гармо ё сармо» маънӣ кардаанд.

пешина
аз 393
навбатӣ