Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

ватандӯстӣ, адабиёти ҳарбии ватандӯстона низ менависанд. Ба ақидаи мо, навишти дурусти ин ибораҳо ҳамин навишти дувум, яъне бо изофат навиштани онҳост (дар ин сурат ҷойи сифати баъзе ибораҳо бояд дигар шавад, чунончи лозим меояд, ки научно-исследовательский институт сельского хозяйства ба тоҷикӣ институти таҳқиқоти илмии кишоварзӣ ва ё беҳтар ин ки пажӯҳишгоҳи илмии кишоварзӣ тарҷума шавад).

  1. Гурӯҳи дувуми ҷуфтсифатҳои нисбии дефисноки русӣ чунонанд, ки дар тоҷикӣ мобайни ду сифат пайвандаки -у (-ю) гузоштан лозим меояд. Ба гуфти Р. Ғаффоров, дар ин сурат «ҷузъҳои тобеъ ҳар кадом мустақил буда, бевосита ба калимаи тобеъкунанда... нигаронида шудаанд».

Чунончи, аз ҷумлаи «Тадбирҳои тирамоҳӣ-зимистониро дар вақташ гузарониданд» тамоман равшан аст, ки дар ибораи «тадбирҳои тирамоҳӣ-зимистонӣ» ду сифатро бо пайвандаки -у ба ҳам бастан даркор аст. Зеро «тадбирҳои тирамоҳиву зимистонӣ» корҳое мебошанд, ки тирамоҳ ва зимистон анҷом хоҳанд ёфт, вале пайи ҳам, бефосила давом хоҳанд кард.

Мафҳумҳои ҳамкории илмӣ-техникӣ (научно-техническое сотрудничество), прогресси илмӣ-техникӣ (научно-технический прогресс), инқилоби илмӣ-техникӣ (научно-техническая революция) аз рӯйдодҳое ба миён омаданд, ки ба инкишофи илму фан вобастагӣ доранд. Онҳо сахт ҳамбастаи якдигар будани тараққиёти илму фанро мефаҳмонанд. Ин ҳамбастагии сахт бояд бо -у (-ву) ифода гардад: ҳамкории илмиву фаннӣ (техникӣ), пешрафти илмиву фаннӣ (техникӣ), инқилоби илмиву фаннӣ.

Ибораеро, ки ҳоло коркунони инженер-техникӣ менависанд, низ барои ифодаи робитамандии махсуси ду сифат коркунони муҳандисиву фаннӣ (ё муҳандисону фанниён) гуфтан лозим аст.

Таъкид кардан лозим аст, ки дар ин мавридҳо ба ҷойи пайвандаки у ва ю пайвандаки ва гузоштан матлуб нест. Чунончи, ибораеро, ки ҳоло бештар таҳлили идея-вӣ-бадей менависанд, баъзеҳо таҳлили идеявӣ ва бадей ҳам навиштаанд, ки ба фикри мо, он қадар дуруст нест ва таҳлили ғоявиву бадей навиштан беҳтар аст. Чунки ин ҷо ба ҳамдигар узван омехтани таҳлили ғоявии асар ва таҳлили бадеии онро таъкид кардан лозим аст. Як вазифаи пайвандаки у (ву) ҳамин аст, ки мафҳумҳои

пешина
аз 393
навбатӣ