Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҷанбаи эҷодӣ дошта, ҷустуҷӯйи шакли муносибро талаб мекунад. Аз ин рӯ, барои гардабардорӣ ва умуман тарҷума ҷустани шакли мувофиқ ва ёфтани муодил одатан дар дастури (грамматикаи) муқоисавӣ мавриди баррасии махсус қарор мегирад.
Ҷуфтсифати нисбии дефиснок дар забони русӣ ҳоло яке аз пурсамартарин шаклҳо буда, дар сохтани истилоҳоту мафҳумҳои нав фаъолона иштирок дорад. Ба ин сабаб муайян кардани тарзҳои тоҷикии ифодаи он низ аҳамияти ҷудогона пайдо мекунад.
Ба фикри мо, сифатҳои нисбии дефисноки русиро ба тоҷикӣ ба як тарз не, балки мувофиқи маврид, ба тақозои маъно ба чанд тариқ ифода кардан лозим аст.
- Яке аз инҳо бо изофат ба ҳам бастани ҳарду сифат мебошад. Сабаби инро Р. Ғаффоров чунин эзоҳ дода буд, ки калимаҳое, ки одатан байнашон дефис гузошта мешавад, «маънан муносибати тобеъӣ доранд ва ин муносибат дар грамматикаи забони тоҷикӣ аз рӯйи анъана ба изофат сурат меёбад» (Р. Ғаффоров. Дар боби ҳусни сухан, «Садои Шарқ», 1969, № 5, саҳ. 128).
Ба ин гурӯҳ ибораҳои зернпро дохил кардан мумкин аст:
воскресно-вечерняя школа. — мактаби якшанбегии шабона, мактаби шабонаи якшанбе, якшанбемактаби шабона.
художественно-телевизионный фильм — филми бадеии телевизионӣ
документально-телевизионный фильм — филми ҳуҷҷатии телевизионӣ
историко-революционный роман — романи таърихии инқилобӣ
народно-разговорный язык — забони халқии гуфтугӯй
Баъзе ибораҳои дигаре ҳам, ки ҳоло аксаран бо дефис навишта мешаванд, зотан изофат талаб мекунанд. Масалан, ибораҳои зерин: флоти ҳарбӣ-баҳрӣ, қувваҳои ҳарбӣ-баҳрӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, адабиёти ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ, муборизаи синфӣ-озодихоҳӣ, корҳои оммавӣ-сиёсӣ, институти илмӣ-тадқиқотӣ, китоби илмӣ-оммавӣ ва ғайра. Баъзеи ин ибораҳо дар матбуоти мо ду хел навишта мешаванд: гоҳ бо дефис ва гоҳ бо изофат. Масалан, флоти ҳарбии баҳрӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавойӣ, тарбияи ҳарбии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо