Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

ҳам, байни мубтадову хабар тире мегузоранд, ки нодуруст аст. Чунончи, менависанд: Рӯдакӣ — ифтихори мост; Модомки аст (ва мухтасари он — ст) зикр шуд, дигар ба тире эҳтиёҷ намемонад. Аз ин рӯ, дар ин ҷумлаҳо тире даркор нест.

Тире дар расми хати мо вазифаҳои дигар ҳам дорад. Ҳамаи ин вазифаҳо дар қоидаҳои имло зикр шудаанд ва онҳоро ин ҷо нақл кардани мо зарур нест.

ДЕФИС

Ҳоло аҳли қалам дефисро ҳам бисёр дӯст медоранд. Вале то чӣ андоза нораво будани баъзеи он дефисҳоро аз ин мисол фаҳмидан мумкин аст:

«Рӯҳониён ба он диққат медиҳанд, ки ин одатҳоро на ҳамчун вазифаи динӣ-ҳуқуқӣ, балки ҳамчун вазифаи динӣ-ахлоқӣ донанд».

Барои ин ки маънои ин ибораҳои дефиснок фаҳмида шавад, хеле майна об кардан лозим меояд. Аслан онҳо дар тоҷикӣ маъно надоранд ва фақат ҳангоме ки шакли русии онҳоро ба ёд овардем, аз онҳо маъное баровардан мумкин аст. Пас, он ки аз нозукиҳои забони русӣ чандон хабар надорад, аз ин ҷумлаҳо чӣ мефаҳмад?

Намедонам, ки ман маънои ҷумлаи болоро дуруст фаҳмидаам ё не, ба фикрам, маънои он ҳамин аст, ки «он одатҳоро на ба сифати фармудаи шариат, балки аз рӯи одобӣ динӣ риоя намоянд». Пас, ин гапро ба забоне гуфтан лозим буд, ки хонандаи бечора чизе фаҳмад.

Акнун мулоҳиза фармоед, ки ибораи мошинҳои роҳӣ-сохтмонӣ чӣ маъно дорад. Аз ин гап маъние баровардан душвор аст. Аз ин рӯ, барои фаҳмидани маънои он, масалан, лозим меояд, ки ҷузъҳояшро як-як аз назар гузаронем, яъне таркибашро таҳлил кунем. Он гоҳ боз номаълум мемонад, ки мошинҳои роҳӣ чӣ маъно дорад? Фақат агар исмро бо сифати дувум якҷоя гирем, тахмин кардан мумкин аст, ки аз мошинҳои сохтмонӣ шояд мошинҳое дар назар бошад, ки дар сохтмон истифода мегарданд. Пас аз ин боз ба тахмин пай хоҳем бурд, ки матлаб аз роҳӣ-сохтмонӣ эҳтимол чизе алоқаманд ба сохтмони роҳ бошад.

Ин ҳама тахмин заданҳо ва дар фаҳмиши маънои сухан сарсон шуданҳои мо аз он сабаб аст, ки ибора

пешина
аз 393
навбатӣ