Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ТИРЕ

Мавриди истифодаи дефису тире дар расми хати тоҷикӣ бисёр аст. Аммо ходимони матбуоти мо аксари вақтҳо мавриди онро ба назар намегиранд ва дар ҷойҳое, ки на дефис лозим аст ва на тире, яке аз инҳоро мегузоранд.

Дар баъзе мавридҳое, ки тире мегузоранд, ибораи тоҷикӣ «ва», «-у» («-ю»)-ро талаб мекунад.

Чунончи, мегӯянд: ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон — Ҳиндустон, Шартномаи Тоҷикистон — Эрон ва ҳоказо. Сабаби дар ин ибораҳо гузошта шудани тире ба мо ҳеҷ маълум нашуд. Танҳо агар «дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон», «Шартномаи Тоҷикистон ва Эрон» гӯем, ибора маъно пайдо мекунад.

Тире дар расми хати тоҷикӣ асосан барои ифодаи мазмуни «аз... то...», яъне барои ифодаи ибтидову интиҳои масофа ё муддате хизмат мекунад. Чунончи, «адабиёти тоҷикӣ дар асарҳои X—XV», яъне он давраи адабиёти тоҷикӣ, ки аз асри X то асри XV давом кардааст. Ё ки «ҳавопаймои Душанбе — Маскав», яъне ҳавопаймое, ки аз Душанбе то Маскав меравад. Тирее, ки мо байни он ду аср ё пойи он ду шаҳр мегузорем, одатан вазифаи ҳамон «аз... то...»-ро иҷро намуда, аз куҷо сар шуда, дар куҷо ба охир расидани муддате ё масофаеро мефаҳмонад.

Аммо дар он ибораҳое, ки мо аз матбуот овардем (масалан, «Дӯстии Тоҷикистон — Ҳиндустон»), на мафҳуми масофае ҳаст ва на мафҳуми муддате. Бино бар ин тире дар ин маврид ҳаргиз ҷоиз нест.

Як вазифаи тире ин аст, ки агар аз хабар бандаки аст ва мебошад афтода, нишонаи зоҳирии хабар аз байн рафта бошад, байни мубтадову хабар истода робитаю муносибати онҳоро барқарор медорад. Баъзе рафиқон таклиф карда истодаанд, ки дар ин маврид аз баҳри тире баромадан беҳтар аст. Чунончи, З. Раҷабзода ақида изҳор карда буд, ки дар ҷумлаҳои Пахтазор — фронти зарбдор; Ҷавонии Ватан — ҷавонии мо; Оби саратон — роҳати ҷон ва монанди инҳо тире зиёдатист («Чанд мулоҳиза», «Маориф ва маданият», 13 майи с. 1980). Ба фикри мо, чунин таклиф беасос нест ва сазовори он аст, ки мавриди баррасии забоншиносон ва дигар алоқамандон қарор бигирад.

Вале гоҳ аст ва мебошад аз хабар наафтида бошад

пешина
аз 393
навбатӣ