Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
анъана вайрон шудааст (гоҳ вайрон шудани анъана айбе нахоҳад дошт), балки дар ин аст, ки маънои сухан халал дидааст. Боз ҳам ба андак мулоҳиза равшан мегардад, ки лирика — ҷинси бадеъӣ гӯем, ин гап чунин маънӣ дорад, ки ҷинси бадеъӣ лирика аст, яъне ғайр аз лирика чизи дигаре ҷинси бадеъӣ нахоҳад буд. Ё «Гардез — шаҳр дар Афғонистон» чунин маънӣ дорад, ки Гардез шаҳри Афғонистон аст ва он ҷо дигар шаҳр нест. Ва ҳол он ки ин гап нодуруст аст. Нодуруст интихоб шудани шакли сухан маъниро хароб мекунад.
Барои ин ки ин харобкорӣ ислоҳ шавад, ҳаминро бояд ба назар гирем, ки дар ин маврид аз ҳама пеш номуайянӣ ба маънои сухан муайянӣ дохил мекунад.
Агар суханро аз номуайянӣ сар кунем, мантиқи сухан аз аввал ба ҷараёни дуруст даромада, ба сӯйи равшанӣ ва муайянӣ роҳ пеш мегирад.
Ин ҳам муҳим аст, ки номуайянӣ дар ин маврид метавонад на ба як макл, балки ба шаклҳои гуногун ифода гардад. Чунончи:
Гардез — номи шаҳре дар Афғонистон ё як шаҳри
Афғонистон ва ё яке аз шаҳрҳои Афғонистон.
Гирдакмурӯд — (номи) як навъи мурӯд ё яке аз
навъҳои мурӯд ва ё навъе аз мурӯд.
Гидалго — (номи) як сайёраи хурд.
Восход — (номи) як силсила киштиҳои кайҳонии
шӯравӣ.
Консептизм — як услуби адабӣ ё яке аз услубҳои адабӣ дар адабиёти Испанияи қарни 17.
Лирика — як ҷинси бадеъӣ ё яке аз ҷинсҳои бадеъӣ.
Акробатика — як жанр ё яке аз жанрҳои санъати
сирку эстрада.
Чунонки мебинем, дар ҳар маврид яке аз ду-се воситаи ифодаи номуайяниро метавон истифода кард ва барои гурехтан аз якрангӣ имконият басанда аст.
Дар луғатномаҳои имрӯза барои эзоҳи калимаҳо дуруст истифода шудани номуайянӣ низ дида мешавад. Чунончи, гуфтаанд: Грамматика — як қисми забоншиносӣ, ки... Грейдер — мошинест, ки... Ва ғайра.
Дар ин эзоҳ низ оғози шарҳ дуруст аст: Баллада — номи якчанд жанри шеър ва мусиқӣ, ки...
Муҳаррирони Энсиклопедияи Советии Тоҷик аз ҷилди IV сар карда, барои аз худ кардани ин навъи эзоҳ кӯшиданд. Аммо дар дигар фарҳангҳо, мутаассифона, ин зарурат ҳанӯз дуруст дарк нашудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо