Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Чунончи, аз «Ғиёс-ул-луғот»:
Хуҷанд — қасабаест аз Мовароуннаҳр.
Хатл — вилоятест аз Бадахшон.
Чоч — номи шаҳрест аз Турон.
Ихтилон — вилоятест ба Туркистон...
Фақат дар баъзе мавридҳо гӯё риоя нашудани ин принсип ба чашм мерасад. Аз ҷумла дар «Худуд-ул-олам»: «Ғузҷанд — шаҳраки хуррам аст. Аз «Ғиёс-ул-луғот»: Балҳ — номи шаҳр аз Хуросон; Бухоро — номи шаҳр аз Тӯрон. Ин ҷо гӯё вазифаи бандаки номуайянии е ба пешоянди аз гузаштааст. Таъкиди ҷузъият дар зиммаи ҳамин пешоянд аст: шаҳр аз Хуросон — яъне шаҳре, ки як қисми Хуросон аст. Дар ин сурат номуайянӣ бо воситаи аслии худ не, балки бо воситаи дигаре ифода шудааст. Муҳим ин аст, ки дар ин маврид ҳам номуайянӣ ифода гардидааст.

Мо ҳамин қоидаи муҳим — аз номуайянии сар кардани эзоҳро имрӯз дар китобҳои луғат ва дигар навиштаҳо вайрон карда истодаем. Чунончи, дар як луғати имрӯза гуфтаанд:
Гардез — шаҳр дар Афғонистон.
Басра — шаҳр дар ҷануби Ироқ.
Балҷувон — деҳа дар совети қишлоқи Кангурт.
Аҳмадобод — шаҳр дар ғарби Ҳиндустон.
Дар ин эзоҳот нишонае аз номуайянӣ нест ва мураттибон он тартиберо, ки аз «Худуд-ул-олам» то Айнӣ — ҳазор сол боз давом дошт, вайрон кардаанд. Ба назари мо чунин мерасад, ки дар ин сурат на фақат тартиби зоҳирӣ, балки мантиқи сухани тоҷикӣ ҳам вайрон шудааст. Айнан нусха бардоштан аз қолабҳои русӣ моро аз қоидаҳои ҳазорсолаи забони худ маҳрум карда, қонунмандиҳои дохилии забони моро хароб карда истодааст.

Ҳамин ҳолатро аз мисолҳои поин ҳам мебинем:
Гирдакмурӯд — навъи мурӯд.
Гидалго — сайёраи хурд.
Восход — силсилаи киштиҳои кайҳонии советӣ.
Консептизм — услуби арабӣ дар адабиёти асри 17-и Испания.
Кубофутуризм — ҷараёни санъат ва адабиёти нимаи якуми асри 20.
Лирика — ҷинси бадеӣ...
Акробатика — жанри санъати сирк ва эстрада.
Гап фақат дар ин нест, ки дар чунин шакли эзоҳ

пешина
аз 393
навбатӣ