Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
роман, ду-се боб аз китоб (ки дар ин сурат сухан ба тахмин гуфта мешавад), се ҳикоя аз маҷмӯаи...
Ин шаклҳои муайянӣ ва номуайянии мантиқи суханро устувор мекунанд. Онҳо хоси мантиқи сухани тоҷикӣ мебошанд. Вагарна сухани мо русӣ хоҳад буд.
Баъзе ибораҳое, ки ба монандӣ хабарҳо аз хориҷ, яъне аз қолаби исм — пешоянд — исм сохта шудаанд (ва чанде аз онҳоро мо дар боби «Пешоянд ва изофат»
низ мавриди баррасӣ қарор додаем), чунинанд, ки гӯё онҳо ба қонуни муайяниву номуайянӣ тобеъ кардаанд, ва ба ибораи изофӣ гардондан мумкин ё шарт нест.
Ибораҳои вафо ба аҳд, майл ба дониш, мақсад аз сафар, кор бо кадрҳо, кор дар байни занҳо, мубориза барои сулҳ ва ғайра. Ин қолиб, чунонки дида будем аз қолибҳои маъмулист (Фирдавсӣ: гуфтор андер ситоиши хирад; Баҳоуддин: хилват дар анҷуман) ва ҳоло бо таъсири забони русӣ бештар интишор ёфта истодааст.
Интишори он имконоти забонро зиёд мекунад. Аммо он ҷо, ки имконият ҳаст, онҳоро ба қолиби ибораи изофӣ, ба шакли муайяниву номуайянӣ ва ҳоказо даровардан беҳтар аст: маълумот дар бораи обу ҳаво — маълумоти обу ҳаво, муовин доир ба корҳои илмӣ — муовини корҳои илмӣ, китоб оид ба мантиқ — китоби мантиқ ё китоби оид ба мантиқ, афсона дар бораи инсон
— афсонаи инсон, суруд дар васфи суруд — суруди васфи суруд ва ғайра. Бештарини инҳоро ба қолаби хилват дар анҷуман, даст ба кору дил ба ёр, гуфтор андер ситоиши хирад даровардан раво нест. Қолаби онҳо дигар аст.
Муайяниву номуайянӣ дар забони тоҷикӣ аз муҳимтарин категорияҳо буда, зиёдтар аз он ки дар баъзе забонҳои дигар ҳаст, аҳамият дорад. Он чӣ, масалан, дар забони русӣ аз ҷиҳати муайяниву номуайянӣ эҳтиёҷе ба таъинот надорад, дар забони тоҷикӣ таъиноте талаб мекунад. Дар бисёр мавридҳо фақат дар сурати ба назар гирифтани мақулаи муайяниву номуайянии мантиқи сухан побарҷо хоҳад буд, вагарна рӯй додани қабоҳатҳои бемантиқӣ аз эҳтимол дур нест.
Барои ин ки масъала равшан шавад, эзоҳи баъзе номҳову истилоҳотро аз «Луғати нимтафсил»-и устод Айнӣ ва луғатҳои имрӯза оварда, ба ҳам муқоиса мекунем.
Айнӣ:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо