Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
чунин гӯем, хабар шакли муайян мегирад ва на як артикли номуайянӣ, балки монандӣ ду-се ва чор шумора аст.
Чунонки мебинем, шаклҳои ифодаи муайяни гуногун аст ва истифодаи ҳамаи онҳо барои аз якрангӣ баровардани забони телевизиону радио ва рӯзномаҳо андаке бошад ҳам, ёрмандӣ хоҳад кард.
Қолаби хабарҳо аз хориҷ дар забони адабии имрӯза бисёр дучор мешавад. Баъзен онҳо ҳам эҳтиёҷ бар ин доранд, ки ба шакли муайянӣ ё номуайянӣ дароварда шаванд. Чунончи, дар матбуоти ҷорӣ ин гуна сарлавҳае дида мешавад: Мулоҳизаҳо дар атрофи мактубҳо.
Таркиби ин ибора ҳам монандӣ хабарҳо аз хориҷ, ё арияҳо аз операҳо иборат аз исм — пешоянд — исм аст.
Лоақал исми якуми онро дар сарлавҳа ба шакли номуайянӣ даровардан лозим меояд: чанд мулоҳиза ё ки мулоҳизаҳое дар атрофи мактубҳо. Агар ин тарз таҳрир кунем, сухан чунин маънӣ мегирад, ки чигунагии мулоҳизаҳо ҳанӯз маълум нест (ва аз матни асосӣ маълум хоҳад шуд), аммо чигунагии мактубҳо муайян аст, сухан аз мактубҳои хонандагон (ки дар тасаввури мо гӯё чизи мушаххас аст) меравад. Чунин маънӣ гирифтани сухан мантиқе дорад. Бо вуҷуди ин, азбаски ба ҳар хол чигунагии мактубҳо низ маълум нест, ибораро чунин сохтан ҳам мумкин аст: чанд мулоҳиза дар атрофи баъзе мактубҳо ё ки мулоҳизаҳое перомуни чанд мактуб. Он гоҳ сухан аз қолаби русӣ баромада ба қолаби тоҷикӣ медарояд.
Ибораҳои серистеъмоли порчаҳо аз роман, бобҳо аз китоб, ҳикояҳо аз фалон маҷмӯа ва ғайра низ аз ҳамин ҷумлаанд. Дар ин ибораҳо ҳам калимаҳои порчаҳо, бобҳо ва ҳикояҳо маънои мутлақ доранд, ки гӯё порчаҳо, бобҳо ва ҳикояҳои он роман, китоб ва маҷмӯа фақат ҳаминҳо мебошанду бас. Яъне ин ибораҳо маъниеро ифода мекунанд, ки мо ҳаргиз дар назар надоштем ва чунин гуфтан намехостем. Барои ин ки мақсади мо дуруст ифода шавад, калимаҳои порчаҳо, бобҳо ва ҳикояҳо бояд шакли муайянӣ ё номуайянӣ дошта бошанд.
Чунончи, ба ин тарз: порчае аз роман, чанд порча ё порчае чанд аз роман, чанд боб ё бобе чанд аз китоб, якчанд ҳикоя аз маҷмӯаи... Дар ин сурат калимаҳои мазкур шакли номуайян хоҳанд дошт. Онҳоро ба шакли муайян даровардан ҳам мумкин аст: ду порча аз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо