Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

нуги қалами муаллифон аст ва зуд-зуд ба рӯйи қоғаз меояд. Ин ҳол боиси кам шудани худназоратӣ мегардад ва истифодаи бемавридро зиёд мекунад.

ФЕЪЛИ «ТАБРИК КАРДАН» ВА ПЕШОЯНДИ ОН

Ҳоло феъли табрик кардан ва табрик гуфтан асосан бо пешоянди бо кор фармуда мешавад: «Шуморо бо Соли нав табрик мегӯям»; «Муаллим ҳамаро бо иди бузург табрик кард»; «Вай мехост, ки Назокатро бо рӯзи таваллудаш табрик гӯяд» ва ҳоказо. Гоҳ ба ҷойи «табрик кардан» «табрик намудан» меояд.

Баъзан ба ҷойи табрик калимаи муборакбод ба кор меравад. Дар ин сурат ҳам пешоянд ва феъли ёвар дигар намешавад: «Шуморо бо зодрӯзатон муборакбод менамоем».

Ин тарз бо пешоянди бо омадани феълҳои табрик кардан, табрик намудан, табрик гуфтан ва муборакбод кардан чи дар матбуоти ҷорӣ ва чи дар асарҳои бадеӣ бисёр дида мешавад, аз тарафи умум қабул шудааст.

Бо ин пешоянд кор фармуда шудани феълҳои мазкур дар забони тоҷикӣ ҳодисаи нав буда, бо таъсири забони русӣ пайдо шуд. Ба русӣ мегӯянд: Поздравляю с праздником. Азбаски пешоянди русии с ба тоҷикӣ асосан бо пешоянди бо ифода мегардад, феълҳои мазкур рафта-рафта ҳамин пешояндро қабул карданд.

Ба гузашти рӯзгор, бо таъсири як ё якчанд ангезаи дарунӣ ё берунӣ дигар шудани пешоянди баъзе феълҳо рӯйдоди ғайричашмдошт нест. Чунин ҳодисаҳо дар ҳар забоне гоҳ-гоҳ рӯй медиҳад. Лекин бояд бидонем, ки дар асл пешоянди ин феълҳо ба тоҷикӣ чӣ буд.

Калимаи табрик ва феълҳои он (табрик кардан, табрик намудан, табрик гуфтан ва ғайра) дар забони тоҷикӣ бо дигар пешояндҳо меояд, ки онҳоро набояд фаромӯш кунем. Чунончӣ, устод Айнӣ феъли «табрик кардан»-ро дар ду маврид бо ду пешоянд овардааст. Як бор бо пешоянди бо:

«Ман Шуморо бо ин ҷеъратон бериёена табрик мекунам» (мактубе ба А. Деҳотӣ).

Бори дигар ба ҷойи «бо» ба муносибати... гуфтааст:
«Ман Шуморо ба муносибати ҷашни сисолагии фаъолияти адабиатон самимона табрик менамоям» (мактубе ба устод Лоҳутӣ).

пешина
аз 393
навбатӣ