Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин ҳолатро дар ин ҷумла, ки ба қалами нависандаи дигаре тааллуқ дорад, низ мебинем: «Соате пеш аз ҳамин роҳи бетонфарши ду тарафаш ҷанорзор гузашта буд». Маълум аст, ки ин ҷо ҳам мавриди калимаи мураккаб нест ва муайянкунандаи дорои -аш дар ҷойи худ омадааст. Албатта, ин муайянкунандаро ба ҷумлаи пайрав гардондан мумкин буд: роҳи бетонфарше, ки ду тарафаш ҷанорзор аст. Нависанда инро нахостааст ва ихтиёр дорад, бигзор ин тавр бошад.

Ё ин ҷумларо бинем: «Марди миёнсоли пешониаш фароҳ, чашмонаш зираку бозингар, гиребони куртаи сафедаш бо ҳавсала газмол кардагӣ дар паси миз менишаст».

Аз ин ҷумла фақат муайянкунандаи якумро ба калимаи мураккаб табдил дода фароҳпешонӣ гуфтан беҳтар мебуд, аммо ба муайянкунандаҳои дигар эрод гирифтан лозим набудагист. Ин муайянкунандаҳоро ҳам ба ҷумлаи пайрав гардондан мумкин буд, чунки яке андак ва дигаре хеле тафсил ёфтааст. Вале ин дархости ҳатмӣ нест: метавон гуфт, ки дар ин маврид муайянкунандаи дорои -аш ва ҷумлаи пайрав арзиши баробар доранд.

Аммо, масалан, дар ин ҷумлаи ҳамон муаллиф масаъла ранги дигар мегирад:

Дар як тараф симкати болояш рӯйҷойдор меистод. Бо қатъияти бештаре метавонем бигӯем, ки дар ин ҷумла калимаи болояш зиёдатист. Рӯйҷой доштани симкатро зикр кардан кифоя буд, аммо дар болои симкат будани рӯйҷой ба таъкид эҳтиёҷ надорад ва ин худ аз худ маълум аст. Агар рӯйҷой дар таги симкат мебуд, ин ҳодиса, ки ба андозае ғайриодист, ба таъкиди махсус меарзад.

Дар ҷумлаи зерин ҳам ҳол ҳамин аст:

Суғурҳо дуртар, ба ҷойҳои камодами ҳавояш сард мерафтанд.

Ба калимаи ҳавояш диққат кунед. Аввал ин ки ҳавояшон гуфтан даркор буд, чунки ҷойҳо ҷамъ аст: Сониян, ин калима зиёдатист, маъниро бе ин калима ифода кардан мумкин буд: Суғурҳо дуртар, ба ҷойҳои кам-одами сардтар мерафтанд. Дар ин сурат мутобиқату мувозинати аъзоҳои ҷумла беҳтар намудор мегардид.

Хуллас, ки бемаврид истифода шудани муайянкунандае, ки бо -аш сохта шудааст, бисёр ба назар мерасад. Ин ҳам яке аз ҳамон чизҳоест, ки гӯё ҳамеша дар

пешина
аз 393
навбатӣ