Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

худ ба худ маълум бошад, пас зикри «шудагузашта»
чӣ лозим аст? Ба ин ваҷҳ ин маҷлиси шудагузашта ҳам мисли ҳамон оби обақӣ мебошад.

Айби чунин ибораҳои сифати феълӣ аз ин ҷумла ҳам ба хубӣ намоён аст: «Асарҳои эҷодкардаи ӯ аҳамияти калони илмӣ доранд». Агар касе чизе эҷод намекард, мо даҳан пур карда «асар» намегуфтем, модомки «асар» гуфтем ва ба аҳамияти калонии илмии он ҳам иқрор шудем, боз «эҷодкардаи ӯ»-ро таъкид кардан зарур нест. Шубҳае нест, ки «эҷодкарда» тамоман нолозим аст ва «Асарҳои ӯ аҳамияти калони илмӣ доранд» гуфтан даркор буд.

Чунин айб дар ҷумлаи зерин ҳам ҳаст: «Ӯ «Тоҷикистон» ном суруди эҷодкардаашро ба самъи шумо мерасонад». Ин ҷо ҳам муайянкунандаи эҷодкардааш зиёдатист. «Тоҷикистон» ном сурудашро ба самъи шумо мерасонад» гуфтан даркор буд ё ки «Тоҷикистон»
ном суруди худро гуфтан ҳам мумкин буд.

Бояд таъкид кард, ки ин шаклҳои иборасозӣ ҳам бо айби тарҷумонҳо ва тақлидкорони онҳо ба забон дохил шуда истодааст. Дар забони русӣ одатан ин гуна ҷумлаҳо тартиб медиҳанд: «Созданные ими труды имеют большое научное значение»; «В состоявшемся заседании присутствовал и такой-то» ва мисли инҳо.
Ҳамин «созданные ими труды» ва «состоявшееся заседание»-ро тарҷумонҳои мо одатан тӯтивор такрор карда, асарҳои эҷодкардаи ӯ ва маҷлиси барпогардида мегӯянд. Ва ҳол он ки гап дар русӣ ҷоиз бошад ҳам, такроран мегӯем, ки дар тоҷикӣ маънӣ надорад. Дар ин маврид мантиқи забони русӣ ба мантиқи забони тоҷикӣ мувофиқ намеояд. Қолаби тафаккури мардуми русро гоҳ айнан ба забони тоҷикӣ даровардан нашояд.
Қолаби тафаккури миллии худро, ки муодили он қолаби русӣ бошад, ҷӯстан лозим аст. Дар тарҷумаи тоҷикӣ ё сифати феълии «эҷодкарда» ва «барпогардида»-ро партофтан лозим аст ва ё ҷумлаҳои мазкурро ин тавр тарҷума кардан даркор аст: «Ӯ асарҳое эҷод кардааст, ки аҳамияти калони илмӣ доранд» «Маҷлисе барпо гардид, ки дар он фалонӣ ҳам ҳозир буд».

Ин аст, ки боз ҳам эҷдкорона рафтор накардани рафиқон ва мусоҳилакории онҳо боиси роҳ ёфтани шаклҳои нодурусте дар забон шудааст.

Маҳз ба сабаби мусоҳилакорист, ки кормандони радиову телевизион ҷумлаҳоеро аз қабили ҷумлаи зерин

223

пешина
аз 393
навбатӣ