Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

ҳоло яке аз шартҳои баландтар шудани фарҳанги сухан аст.
Ин хулосаи дувум аз баҳси оид ба ибораи сифати феълӣ мебошад.

Ин хулоса аҳамияти махсус дорад. Аз ин рӯ, онро боз андак эзоҳ додан мехоҳем.
Дар яке аз баҳсҳои боло дидем, ки ӯҳдадориҳои ба зимма гирифташуда, муваффақиятҳои ба даст омада ва ғайра таъкидеро ифода намекунанд ва монанди оби обакӣ мебошанд. Ба «об» часпондани сифати «обакӣ»
бемаънӣгӣ хоҳад буд. Ба «ӯҳдадорӣ» илова кардани сифати (сифати феълии) «ба зимма гирифта (шуда)»
низ беэътиноӣ нисбат ба мантиқи сухан аст: модомки «ӯҳдадорӣ» гуфтем, чизеро ба назар дорем, ки ба зимма гирифта шудааст. Ибораи ҳукми баровардаам, ки дар ин баҳс дидем, низ аз ҳамин қабил ибораҳост.
Ҳоло бояд гӯем, ки ин гуна ибораҳо дар навиштаҳои мо хеле зиёд буда, ҳамаи онҳо маънои гапро суст мекунанд, ба сухан бемантиқӣ меоранд, бештарини онҳо нишонаи онанд, ки гӯянда бо риояи маънову мантиқ гап зада наметавонад. Ин матлабҳоро бо чанд мисоли дигар равшан кардан лозим меояд.
Бо андак мулоҳиза маълум мешавад, ки ибораи зерин нағз нест: «Шӯриши бардоштаи деҳқонон авҷ мегирифт». Аҷабо, оё шӯриши нобардошта ҳам ҳаст?! - Мардуми матбуот чунон саргарми сифати феълӣ сохтан ҳастанд, ки гапи одию шӯриши деҳқонон дар назари онҳо гапи норасо менамояд, ки гӯё дар сухан чизе намерасад. Вале бо илова шудани «бардошта» сухан норасотар шудааст.
Мисоли дигаре:
«Маҷлиси барпогардида аъзоёни ҳайати раёсатро интихоб кард». Ин ҷо «маҷлиси барпогардида» маъние надорад. Ин ҷумларо ин тавр тартиб додан лозим буд: «Маҷлис барпо гардид ва...» Барои ин ки тамоман нодаркор будани ин сифати феълии «барпогардида»
беҳтар маълум шавад, ҷумлаи зеринро аз назар гузаронидан лозим аст: «Дар маҷлиси шудагузашта фалонӣ ҳам ҳозир буд». Модомки маҷлисро номбар кардем ва ҳозир будани фалониро зикр намудем, худ ба худ маълум аст, ки маҷлис шуда гузаштааст. Агар ин гап

пешина
аз 393
навбатӣ