Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
феълиро фурӯғузор кунем, маънои сухан халал намебинад: «деҳаҳои наздики Варзобро номбар кардааст».
Аз ин маълум мешавад, ки муайянкунандаи пешояндноки дорои сифати феълӣ дар ин мавриди шакли зарурии ифодаи фикр набудааст. Аз ҳамин сабаб агар онро ба ибораи изофии муқаррарӣ (деҳаҳои наздики Варзоб) табдил диҳем, ҳам мақсад пурра ифода мешавад ва ҳам ҷумла шакли табиӣ мегирад. Пас шакли аслии ифода дар чунин мавридҳо ҳамин аст.
«Авторучкаи дар рӯйи миз бударо гирифт». Боз ҳам сифати феълӣ зиёдатӣ омадааст: «Худнависи рӯйи мизро» гуфтан кифоя буд, ки маъно пурра ифода шавад.
«Имзои дар саҳифаи охири мактуб бударо бо имзои дар блокнот буда муқоиса кардам». Аз ин ҷумла аввал чунин вонамуд мешавад, ки ҳар ду буда ҳам дарқорист, вале ин тавр нест — ҳар ду буда ҳам зиёдатист:
«Имзои саҳифаи охири мактубро бо имзои дафтарча муқоиса кардам» гӯем, матлаб на фақат дигар намешавад, балки беҳтар — мӯҷазтар ифода мегардад.
Гоҳ аз ин гуна ибораҳои дорои сифати феълӣ, ки бо буда сохта шудаанд, пешоянд меафтад. Дар ин маврид ҳам моҳияти масъала дигар намешавад: боз ҳам буда зиёдатист. Чунончи:
«Сангчаи сари роҳ бударо бо нуги туфлӣ дур андохт». Ин ҷо ҳам ҳол ҳамон аст, ки гуфтем: «сангчаи сари роҳро бо нуги туфлӣ дур андохт» гуфтан даркор буд.
«Курсии наздиктари худАш бударо нишон дод». Инро ҳам аз «буда» озод кунем, сухан зарар намебинад:
«Курсии наздиктари худашро нишон дод».
Хуллас, ки муайянкунандаи пешояндноке, ки бо буда ба охир расидааст, дар навиштаҳои имрӯза фаровон аст. Онро чӣ аз матбуоти ҷорӣ ва чӣ аз насри бадеӣ ёфтан мумкин аст. Дар навиштаҳои устод Айнӣ низ гоҳ ба дид меояд. Камина имони комил дорам, ки дар ҳамаи ин мавридҳо буда нодаркор аст. Аз садҳо мисоле, ки дар даст ҳаст, ягон мисол ёфт нашуд, ки муайянкунандаи пешоянднок ё бепешоянд, ки бо буда сохта шудааст, бамаврид ва аз рӯйи зарурат омада бошад.
Сифати феълии буда як бор аз адабиёти классикӣ дар як байти устод Рӯдакӣ ба чашм расид. Он байти Рӯдакӣ ин аст:
Об гарчи камтарак нерӯ кунад, Банду варги сустбуда барқанад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё