Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«Имкониятҳои калони дар мамлакатамон мавҷудбударо пурра истифода барем». Шакли дурусти ин ибора: «имкониятҳои калони мамлакатамон» ва ё: «имкониятҳои калонеро, ки дар мамлакатамон мавҷуданд».
«Вай ҳар гуна мамониятҳои дар пеши роҳаш бударо бартараф кард». Дурусташ ин аст: «Вай ҳама мамониятҳоро аз пеши роҳаш бартараф кард» ё ки «мамониятҳои пеши роҳашро».
Ё ин ибораро бинед: «Машинаро солдати мастбудаи американ меронд». Ин магар ибораи бесаводона нест? Оре, ниҳоят бесаводона воқеъ шудааст. Ҳатман солдати маст гуфтан даркор буд. Сарбози маст дурусттар мебуд.
Ин гуна мисолҳоро аз матбуоти имрӯза бисёр овардан мумкин аст, вале бояд ҳаминаш кифоя бошад.
Аз чӣ сабаб бемаврид будани ин ибораҳо дар сурати муқоиса кардани онҳо бо ибораҳои классикию халқӣ, ки дар боло оварда шуд, маълум мегардад. Ба андак мулоҳиза равшан мешавад, ки аз ибораи тири аз камон ҷаста на пешоянд ва на сифати феълиро партофтан мумкин нест. Ин ибора чунон сохта шудааст, ки маҳз ҳамин тавр тартиб ёфтанаш лозим аст, на ба тарзи дигаре. Онро ба ҷумлаи пайрав гардондан мумкин аст (тире, ки аз камон ҷастааст), лекин азбаски худаш рехта ва равон аст, ин гуна эҳтиёҷ намемонад.
Зотан маънои ин ибораҳои классикию халқиро ба ду тарз ифода кардан мумкин аст: ҳам бо муайянкунандае, ки пешоянд ва сифати феълӣ дорад ва ҳам бо ҷумлаи пайрав, яъне бо ёрии пайвандаки «ки».
Ва ҳол он ки агар аз он ибораҳое, ки мо аз матбуот овардаем, пешоянду сифати феълӣ партофта шавад, ибора шакли беҳтаре мегирад. Пас, ба чунин хулоса омадан лозим аст, ки ин ибораҳои матбуот аз қабили ибораи тири аз камон ҷаста нестанд ва бино бар ин онҳоро ба қолиби ин ибора бо зӯр дохил кардан хуб нест.
Ба ин мулоҳизаҳо мо он ибораҳои матбуотро ибораи сунъӣ ва нодуруст мешуморем.
Барои ин ки масъала равшантар шавад, илтимос дорем, ки хонандаи мӯҳтарам боз ҷумлаҳои поинро аз назари мулоҳиза гузаронад:
«Дар баъзе шеърҳояш деҳаҳои дар наздикии Вар-зоб бударо номбар кардааст». Агар аз ин ҷумла сифати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё