Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
дарахти пайвандист ва меваи хушгувори он аз пайванди беҳтарин зотҳо, ки халқҳои гуногун парвардаанд, ба ҳосил омадааст. Ҳамин пайвандкорӣ имрӯз ҳам давом дорад.
Ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки пайванди ниҳол кори саҳл нест. Барои ин кор боғбони пурдони нозуксанҷ лозим аст, ки табиати боғи худ ва ҳар дарахти он, инчунин хосиятҳои он боғу он дарахтонеро, ки аз онҳо қаламча мегирад, нағз донад, пухтакор бошад ва бо омӯзиши дақиқ амал кунад. Ин шарти муҳиммест. Саҳлангорӣ, амали тахминӣ, тақлиди маҳз метавонад меваҳои талх ба бор оварад. Бояд гӯем, ки аз дарахтони пайванди мо гоҳ меваҳои ширингувори рӯҳпарвар, гоҳ меваҳои бадҳазму нохӯрдани ба ком мерасад.
Гурӯҳи якуми дарахтонро зиёдтар ва гурӯҳи дувуми ондоро решакан кардан даркор аст.
Аз ин рӯ, кайҳо боз зарурате пеш омадааст, ки дастури (грамматикаи) муқоисавии забони тоҷикӣ ва арабӣ, русӣ, англисӣ тартиб дода шавад. Чунин дастури забон барои ин ки тавонем аз сарватҳои бепоёни забонҳои дигар бештар ва огоҳона баҳраманд шавем, аҳамияти калон хоҳад дошт. Мо дар ин китоби худ кӯшиш кардем, ки барои ба вуҷуд овардани чунин асари илмӣ андаке мавод пешкаш кунем. Ҳангоми андеша рондан дар бораи баъзе ҷиҳатҳои фарҳанги сухани тоҷикӣ худ ба худ зарурате ба миён омад, ки баъзе тарзу шаклу воситаҳоро бо муодили русии онҳо муқоиса кунем. Умедворем, ки баъзеи ин муқоисаҳои мо дар оянда барои анҷом додани муқоисаи илмии забони тоҷикӣ ва дигар забонҳо аз фоида холии нахоҳанд буд.
Масъалаҳои ҳалталабе, ки аз инкишофи ҳозираи забони адабии тоҷикӣ сар задаанд, бисёранд. Дар сари
онҳо андеша кардан ва мубоҳисаву мунозира оростан
зарур аст. Инкишофи забони адабиро назорат кардан
ва ба роҳи дуруст даровардан аз муҳимтарин вазифаҳои ҷамъиятӣ аст, ки пеш аз ҳама дар назди забоншиносон ва аҳли адаб истодааст. Бо борикбинӣ муайян
кардани меъёрҳои забони адабӣ ва аз ин оғозгоҳ даҳолат намудан ба инкишофи он ҳоло аз ҷумлаи зарурати ҳатмии илми забоншиносӣ аст. Ҳоло замоне фаро
расидааст, ки забоншиносӣ фақат тавсиф, танҳо
муайян кардани чигунагии падидаҳои забон кам аст, ба
онҳо баҳо додан, арзиши сифатии онҳоро таъин намудан, ба ин восита ба масъалаҳои амалии инкишофи забон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё