Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

Чнде аз масъалаҳои муҳим тамоман нодуруст аст. Дар ин сурат ҳам, ҳатто сухани мо ҳақ набарояд ҳам, агар андешаҳои мо ё матолибу мадорики ин китоб барои муайян гардидани ҳақиқат ва рафтараф шудани шубҳаҳо андаке хизмат кунад, чунин мешуморем, ки вазифаи мо иҷро шудааст.

Ҳоло коре бояд кард, ки қаламкашҳои мо табъи салим дошта бошанд. Табъи салим хислати модарзод нест, балки бо тарбия ва диққат ба даст меояд. Бедил гуфта буд: Табъи салим фазл аст, ирси падар набошад. Барои он ки дар масъалаи забон ва фарҳанги сухан ҳар пажӯҳишгарро чунин фазилате муяссар шавад, нахуст дар худ бояд назари танқидӣ ва худназоратиро ривоҷ диҳад, аз қаламронии ноогоҳона ва кӯр-кӯрона, аз тақлид ва такрори тӯтивор худдорӣ варзад, ҳар чӣ гӯяд, дониста гӯяд ва агар пайравӣ кунад, пайрави устодони сухану сарчашмаҳои мӯътабар бошад. Агар табъи салим доштан хоҳем, аз ҳама пеш ба андӯхтаҳои бепоёни забони халқ ва фарзандони суханвари ӯ бояд рӯй ниҳем ва табъи худро ба табъи онҳо созвор оварем.

Аз забони адабии классикӣ намуна гирифтан чунин маънӣ надорад, ки имрӯз монанди мардумони асрҳои гузашта бояд нависем. Не, забону услуби давраҳои гузашта маҳсули замони худ буд ва ҳамеша мувофиқи дигаргуниҳои ҳаёт тағйир меёфт, пеш мерафт. Имрӯз дар ягон соҳаи зиндагиву фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи забон ҳам ба гузашта бозгашт нест. Забони мо ҳоло ба талаботи имрӯзу фардо бояд ҷавоб гӯяд, хостаҳои дирӯзу парирӯз, суннатҳои ҳазорсоларо низ бояд фаромӯш накунем. Имрӯзу фардоро аз дирӯзу парирӯз ҷудо кардан мумкин нест. Зебоиву равонӣ, тавоноӣ ва матонати забони адабиёту илми классикӣ бояд ҳамеша намунаи ибрати мо бошад ва ҷустуҷӯйҳои нави замони мо ба он такя кунад. Робитаи мо бо забони халқ ва адабиёти классикӣ ҳар чӣ бештар бошад, пояҳои халқии забони адабии имрӯза ба ҳамон андоза устувор хоҳад буд. Яке аз манбаъҳои асосии иқтидори имрӯзаи забони адабӣ иқтидори дирӯзаи он аст.

Як омили муҳиме барои афзоиши тавоноии дирӯзаву имрӯзаи забони адабии тоҷикӣ ҳамоно имконоти
беинтиҳои забонҳои дигар аст. Қайҳост, ки забони точуки

пешина
аз 393
навбатӣ