Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҳам масти аласт ва маънояш масти ҳамешагӣ, масти азалӣ мебошад. Вале дар ҳамон мисолҳое, ки мо аз навиштаҳои имрӯзаи муаллифони гуногун дар даст дорем, бо у навишта шудааст:
«Вай масту аласт шуда хуб авбошӣ кардааст».
«Йигитҳо дар растаҳои байни чойхонаҳо масту аласт мегаштанд».
«Э, мебинӣ, Анвари ту маст-ку, масту алас!»
Дар мисоли севум ҳатто т-и охири аласт афтодааст. Ғайр аз ин, дар ҳамаи чунин навиштаҳои имрӯзӣ аласт маънои аслии худ — рӯзи азал, рӯзи нахуст, рӯзи таъин шудани сарнавиштро тамоман аз даст дода, ба маънои дигаре — ба маънои азхудрафта ва бехуд омадааст. Модомки таъбир ин қадар шаклан ва маънан дигаргунӣ пазируфтааст, шояд онро ба ҳамин шакл, ба шакли имрӯзаи халқӣ ба кор бурдани муаллифони боло беҳтар бошад. Зеро ин таъбир дар ҷумлаҳои боло чунон омадааст, ки онро ба шакли аслӣ даровардан ва ба ҷойи у изофат гузоштан мумкин нест.
Пас ба ибораҳои изофие, ки дар гуфтугӯ изофаташон ба у табдил ёфтааст, ҳар дафъа мушаххасан наздик шудан лозим меояд, ҳар дафъа ба рафти сухан нигоҳ карда ба қароре омадан даркор аст.
Ба назари мо, яке аз чунин таъбирҳо, ки дар гуфтугӯ аз асл хеле дур рафтааст, ҳақку ҳамсоя мебошад. Асли ин ҳам ҳаққи ҳамсоя аст ва аз он ҷо омадааст, ки мегӯянд: Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар. Дар Бухоро ҳамсоя ба ҳамсоя хӯрок биёрад, масалан, мегӯяд: «Ҳаққи ҳамсоягӣ-дия, тиккаи муҳаббат гуфта, як даҳан ош овардам, айб намекунед». Ҳамин ибораи изофии ҳаққи ҳамсоя рафта-рафта ба ҳақку ҳамсоя табдил ёфтааст. Ин таъбир дар навиштаҳои ҳозира ба тарзе ба кор меравад, ки монанди масту аласт маънан аз асл хеле дур рафтааст. Чунончи:
«Номи ӯ вирди забони ҳақку ҳамсояҳо гардид».
«Ба ҳақку ҳамсояҳо кӣ буданашро нишон дод».
«Ҳақку ҳамсояҳоро низ дашномат надодааст».
«Ба ҳамаи хешу таборҳо ва ҳақку ҳамсояҳо саломи ман расад».
Чунонки мебинем, қисми дувуми ибора ҳатто часпаки ҷамъбандӣ гирифтааст. Ин гап чунин маъно дорад, ки ҳақку ҳамсояҳо монанди хешу табор як ибораи ҷуфти муродифи тасаввур мешавад: гӯё ҳақ ва ҳамсоя муродифи якдигар аст. Дар ягон ҷумлаи боло

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё