Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Шубҳае нест, ки ин пою пиёда дар асл пойи пиёда аст. Пас ин ҷумларо ислоҳ кардан лозим аст ё ба шакли халқӣ омадани ибораро дуруст ҳисоб кунем? Ба фикри камина, ин хатои гуфтугӯро ислоҳ кардан даркор аст. Зиёда аз ин, ба назари мо, фақат пою пиёда-ро, пойи пиёда гӯем, ҷумлаи боло ислоҳ намешавад: пои пиёда меомаданд, яъне (агар сифатро фурӯгузор кунем) пой меомаданд низ маънӣ надорад. Барои ин ки ҷумла ислоҳ шавад ва гап маъние дошта бошад, пиёда меомаданд ё ки ба пойи пиёда меомаданд гуфтан лозим мешавад. Ба пойи пиёда омадан ҳам сухани халқист. Аз ду сухани халқӣ—пою пиёда омадан ва ба пойи пиёда омадан онеро, ки дурусттар аст, қабул кардан беҳтар аст.
Ба забони халқ ва гуфтугӯйи муқаррарӣ на аз рӯйи ақидаи ҳар чӣ пеш ояд, хуш ояд, балки бо назари танқид, бо санҷиши саррофона наздик шудан даркор аст ва ин яке аз васиятҳои устод Айнист. Албатта, дар адабиёти бадеъӣ, дар баъзе диалогҳо ё монологҳои ботинӣ, агар зарур шавад (масалан, савияи мадании персонажро таъкид кардан лозим ояд), аз шаклҳои вайрони гуфтугӯйи одӣ истифода бурдан айб нахоҳад буд. Лекин агар шаклҳои нодуруст ҳама навиштаҳои мо, саҳифаҳои матбуоти ҷорӣ ва сухани радиову телевизионро фаро гиранд, натиҷа фақат ҳамин хоҳад шуд, ки саҳву хатоҳо ба ҳукми қонун мегузаранд ва савияи фарҳанги умумии халқ на баландтар, балки пасттар мешавад.
Барои равшан шудани масъала мисоли бисёре овардан мумкин аст. Як мисоли машҳур рангу рӯй аст, ки аслаш ранги рӯй мебошад. Дар навиштаҳои ҳозира ҳар дуи он дида мешавад. Чунончи, нависандае навиштааст: «Ҷавон бо рангу рӯйи парида даромад». Аммо чанд саҳифа поинтар як персонажи ӯ гуфтааст: «Ман дида истодаам, ки ранги рӯят дар ҷояш не». Ибораи рангу рӯй дар форсии имрӯза ҳам будааст ва маънои афту намудро гирифтааст (ниг.: Фарҳанги форсӣ ба русӣ). Дар форсӣ аз ин ибора калимаи рангурӯфта (чизи кӯҳна ва рангпарида) сохта шудааст. Бо вуҷуди он ки рангу рӯй ин қадар доман паҳн кардааст, ба назари мо, онро дар забони адабӣ ба шакли аслӣ — ранги рӯ(й) истифода кардан беҳтар аст.
Дигаре аз ин таъбирҳо масту аласт аст. Асли ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё