Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар бораи истифодаи калимаи «одам» боз як мулоҳизаи дигареро арз кардан мехоҳем.

Ибораи русии «русские люди»-ро мо одамони рус тарҷума кардаем ва ин тарҷума қабул шудааст. Вале, ба фикри мо, калимаи «одам» мувофиқи ин мавриди нест. Зеро дар забони тоҷикӣ «одами тоҷик» ё «одами эронӣ» ва ё «одами араб» намегӯянд. Ба тоҷикӣ дар ин мавриди калимаи «одам» не, балки калимаи «мардум» маълум аст. Чунончи, «мо мардуми тоҷик...», «мо мардуми мусулмон...» мегӯянд. Ин гуна ибораҳо чӣ дар гуфтугӯ ва чӣ дар забони адабӣ бисёр дида мешавад. Бино бар он, ба фикри мо, беҳтар аст, ки «русские люди»-ро мардуми рус гӯем.

Аз ин қиёс агар ин ибора ба шакли танҳо («русский человек») ояд, низ дар тарҷумаи тоҷикӣ калимаи «одам»-ро зикр кардан лозим нест.

Дар ибораи одамони советӣ ҳам калимаи «мардум»-ро истифода карда ва мардуми советӣ гуфтан лозим буд.

Баъзе адабиётшиносон ҳам дар афзудани шумораи ибораҳое аз қабили одамони касб кӯшиш карда истодаанд. Дар адабиётшиносии солҳои охир ибораҳои «шоирони ақидаи деҳқонӣ», «шоирони тамоюлоти пешқадам», «адабиёти майлҳои халқӣ», «адабиёти равияи демократӣ», «адабиёти равияи тасаввуфӣ», «мазмунҳои тамоюлоти халқӣ» ва монандӣ инҳо аз ҳамин ҷумлаанд.

Мулоҳиза фармоед, ки шоири ақида чӣ маъние метавонад дошта бошад? Агар андак маъние дошта бошад, шеъркунандаи ақида хоҳад буд. Пас ин «шеъркунандаи ақида»-ро ба чӣ маъни бояд фаҳмем? Ба ин маъни, ки ақидаҳоро ба шеър медарорад? Агар шоирро ба шеър дароварандаи ақидаҳо ҳисоб кунем, ин ба тасаввуроте, ки дар бораи шеъру шоирӣ дорем, ҳеҷ мувофиқ намеояд. Шоири асил шеъркунандаи ақидаҳо нест, балки шахсияти эҷодкорест, ки дар роҳи дарки бадеии инсон ва зиндагии ӯ, дар роҳи кашфи шоиронаи асрори ҳастӣ ҷаҳду ҷадал дорад. Равшан аст, ки таъбири шоири ақида моро аз ин фаҳмиш дур мебарад ва на ба эътибори шакли ғариб, на ба эътибори «маъни» муносиби илми адабиётшиносӣ, илми сухансанҷӣ нест. Адабиёти тамоюл, адабиёти равия ва дигар ибораҳо низ чунинанд.

Ислоҳи шакли ин ибораҳоро ба мутахассисони адабиёти

пешина
аз 393
навбатӣ