Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
гӯем, ин гап маъмӣ дорад ва одаме, ки косиб мебошад, гуфтан аст. Аммо маънои «одами касб»-ро ба ҳазор қиёс муайян кардан мумкин нест.
Ногуфта намонад, ки ибораи «одами касб» танҳо нест, балки чанд ҷӯра ҳам дорад. Ибораҳои «одамони ихтисоси гуногун», «одамони синну соли гуногун» («люди разных возрастов») ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Ҳамаи инҳо яке аз дигаре бемаънитар воқеъ шудаанд.
Дар забони русӣ ибораи «человек высокого долга» мавҷуд аст. Шубҳае нест, ки агар ин ибора ба дасти аҳли матбуоти мо афтод, онро «одами қарзи олӣ» тарҷума хоҳанд кард (балки эҳтимол аллакай ҳамин тавр тарҷума ҳам карда бошанд). Ин гуна ибораҳо дар забони русӣ бисёранд (люди сильной воли, люди психологической остроты, человек воображения, искусство больших мыслей, дело огромной важности ва ғайра). Ҳамаи онҳоро ба ҳамин тариқ тарҷума кардан гирем, магар хонаи маънову мантиқ хароб нахоҳад шуд?!
Ҳатто нависандае як асарашро «Одами умри дубора» номидааст. Ҳамин нависанда китоби Ю. Ритҳэу «Люди северного сияния»-ро «Одамони фаҷри шимолӣ» тарҷума карда буд.
Қадоме аз тарҷумонҳои ТоҷикТа дар рӯзҳои мотами яке аз бузургон ибораи русии «человек большого сердца»-ро «одами дили бузург» тарҷума карда буд. Ин тарҷума дар ниҳояти бемаънигӣ буд, вале аз ходимони матбуоти мо касе аз ин бемаънигӣ пай набурд ва онро ба ҳамон шакл дар ҳамаи рӯзномаҳо бо ҳарфҳои калон дар сарлавҳа чоп карданд. Танҳо идораи як маҷалла ба ин тарҷума розӣ нашуд ва онро «соҳибдили бузург» тарҷума кард. Ин ибораи тоҷикӣ дар ҳақиқат маънои он ибораи русиро дар бар мегирад.
Шубҳае нест, ки шакли тоҷикии дигар ибораҳоеро, ки дар боло номбар кардем, низ ёфтан мумкин аст.
Ба фикри мо, масалан, ибораи «люди разных профессий»-ро ин тавр тарҷума кардан мумкин будагист: «намояндагони касбу кори гуногун», «аҳли касабаи гуногун». Агар ҳардуи ин тарҷума қобили қабул бошад, имконият пайдо мешавад, ки гоҳ яке ва гоҳ дигаре истифода гардад.
Ба ҳамин қиёс, «намояндагони ихтисосҳои гуногун», «аҳли ихтисосҳои гуногун», «мардуме, ки дар синну сол фарқ доранд», «мардуме, ки фикру ақидаи гуногуне доранд» гуфтан мумкин будагист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё