Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Вазифаи асосии ин мубориза ба дараҷаи баланди инкишофи забони адабии тоҷикӣ бардоштани савияи фарҳанги зиёиёни нав ва оммаи мардум буд. Мақсадҳои мушаххаси фарҳанги сухан тарбияи дурустновисӣ ва дурустгӯӣ, аз ҷумла пешгирии қаҷравиҳо дар гар‑табардорӣ (калкасозӣ) ба ҳисоб мерафт. Сарвари ин мубориза устод Айнӣ буд (ки ба таълимоти М. Горкий такя мекард1), вале дар атрофи ӯ муборизони хушсалиқа ҳанӯз кам буданд ва мубориза гоҳ-гоҳу канда‑канда давом дошт. Фақат дар охири ин давра — аз му‑боҳисаи соли 1952 мубориза доман паҳн кард. Асосан аз мубоҳисаи соли 1952 мафҳуми «маданияти нутқ» пайдо шуд ва солҳои баъд банда истилоҳи «маданияти сухан»-ро пеш рондам ва имрӯз «фарҳанги сухан»-ро муносибтар медонам.

  1. Солҳои шасту ҳафтоду ҳаштоди садаи бист, давраи ривоҷ ёфтани тамоюлоти наве дар инкишофи забони ада‑бӣ, қувват гирифтани кӯшишҳое дар роҳи худдорӣ аз одӣ‑гӯӣ, афзудани диққати назар нисбат ба меъёрҳои хал‑қӣ-ю классикӣ ва асолати сухан. Ин тамоюл хусусан дар адабиёти бадеӣ, дар навиштаҳои як зумра нависан‑дагони насли нав — Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Ф. Муҳам‑мадиев, Бозор Собир, Гулрухсор, Сорбон, Ӯ. Кӯҳзод, Гулназар, Саттор Турсун ва дигарон вусъат ёфта, кам ё беш дар бисёр шохаҳои забони адабӣ падидор омад. Забони адабӣ аз ҳисоби захираҳои чандин лаҳҷа, аз ҷумла баъзе лаҳҷаҳои ҷанубӣ, ҷануби шарқӣ ва сарга‑ҳи Зарафшон ғанӣ шуд. Хусусан бо кӯшиши Сорбон, Ӯ. Кӯҳзод, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самадов аз забони халқ ба забони адабӣ омадани калимаву ибора ва қо‑либҳои тоза натиҷаи муҳим дод.

Метавон гуфт, ки дар ин шароит фарҳанги сухан ҳам ба сифати як соҳаи илми суханшиносӣ (филология) рӯ ба ташаккул ниҳод. Инро на фақат аз он ҷо, ки доираи саҳмдорони он васеъ шуда, як гурӯҳ адибони сухансанҷ ва баъзе забоншиносони хуштайёри ба майдон даромаданд, балки аз он ҷо ҳам, ки гузориши масъала ва таҳлилҳо ҷиддитар гардида, тавсияҳо бештар асоси илмӣ пайдо кард, пай бурдан мумкин аст. Мусондат ба тамоюлоти нави инкишофи забони адабӣ ва устувор намудани бунёди халқии он умдатарин вази-

1 Дар ин бора ниг.: Шукуров М. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад. Душанбе, «Ирфон», 1968, саҳ. 16—21.

пешина
аз 393
навбатӣ