Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ёфт. Ҷолиби диққат аст, ки ин тарзи калимасозӣ дар навиштаҳои устод Айнӣ ҳам аз ҳамон вақт, аз вақтҳои иштироки ӯ дар тартиб додани ин китоби луғат пайдо шуд. Аз он пештар дар асарҳои устод чунин калимаҳо дида намешуд, аммо дар романи «Ғуломон» (1934) калимаҳое аз қабили баколхоздарой, баколхозқабулкунӣ, боҳамзиндагикунӣ, бадомафтӣ, бадомафтонӣ сохта шудаанд. Дар асарҳои баъдии устод ададӣ чунин калимаҳо афзудан гирифт. Аз ҷумла дар «Луғати нимтафсилӣ»-и ӯ бисёр чизҳо бо ҳамин навъи калимасозӣ эзоҳ шудаанд: бахотирнаъварӣ, азитоатбарой, айби надоштаи касеро ба вай нисбатдиҳӣ, дар мунозира ва мубоҳиса далелҳои ғайримантиқӣ оварӣ.
Садриддини Айнӣ устоди камназири калимасозӣ ва ибораороӣ мебошад, вале дар ин маврид, ба назари мо, равияи ӯро маъқул донистан мумкин нест. Ин яке аз падидаҳои ҳамон ҳодисаст, ки гуфта будем: ҳангоми демократӣ шудани забони адабӣ баъзе тамоюлоти номатлуб ҳам ба миён омада, боиси одӣ шудани сухан гардид. Аз ин ҷараён гоҳ устод Айнӣ ҳам берун намондааст.
Аз ҷумла устод низ чунин принсипро қабул карда буд, ки исми феълии русӣ ва феъли арабӣ ба тоҷикӣ бояд бо исми феълӣ ифода шавад. Дар натиҷа дар «Луғати нимтафсилӣ»-и ӯ бисёре аз калимаҳое, ки аз ягон боби феъли арабӣ омадаанд, ба шакли исми феълӣ, бештар бо исми феълии мураккаби пешванднок шарҳ ёфтаанд: Чунончи: муоҳада — ба ҳам аҳдбандӣ, мутояба — бо касе ҳазлу шухикунӣ, муояна — чизеро равшан ва рӯ ба рӯ истода бинӣ, муҳосама — бо ҳам хусумат ва душманикунӣ, муқояса — бо ҳам андозакунии ду чиз, ду кор ё ду кас.
Лекин ин принсип — бо исми феълӣ эзоҳ додани феъли арабӣ дар тамоми «Луғати нимтафсилӣ» сахт риоя нашудааст. Устод чунин калимаҳои арабиро гоҳ бо исми феълии мураккаб ва гоҳ бо ибораи масдарӣ эзоҳ медиҳад. Чунончи: мусоада — ёрӣ додан ба касе (ба касе ёридиҳӣ нагуфтааст), мусодама — ба ҳамдигар сахт бархӯрдан (ба ҳамдигар сахтбархӯрӣ нагуфтааст), муҳосара — аз гирдогирд қалъавор банд карда гирифтан.
Аз ин ҷо маълум мешавад, ки устод дар чунин мавридҳо исми феълӣ ва ибораи масдариро баробарҳуқуқ медонист, онҳоро муодили якдигар мешумурд. Ин маъниро ӯ дар баъзе мавридҳо гӯё касдан таъкид кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё