Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
(ё ки «Синни нафақахӯрии ӯ расид); «Ба шогирдон дурӯғ гуфтан ба дилам зад». Ин, ба фаҳми мо, шакли аслии ифодаи фикр дар чунин мавридҳост.
Дар баъзе аз ин мавридҳо мумкин аст, ки қисми асосии калима ба ҳоли худ гузошта шавад (яъне бо асоси феъл зикр гардад), лекин дар ин сурат лозим меояд, ки ин қисми асосии калима аз қисми пешояндноки он пеш гузошта шавад. Масалан, ба ин тарз: «Шеъргӯйинро ба форсии тоҷикӣ оғоз кард», «Тобоварии худ ба гармову сарморо исбот кардааст».
Ин аз шаклҳои классикии иборабандист ва дар навиштаҳои баъзе нависандагони муосири тоҷик ҳам мушоҳида меравад. Ба фикри мо, имрӯз ҳам гоҳ-гоҳ аз он истифода кардан боиси гуногунии тарзи баён хоҳад шуд.
Агар исми феълии мураккаби пешвандноки серҷузъ ба ибораи масдарӣ гардонда шавад, имконе пайдо мегардад, ки ба ибораи масдарӣ пасванди ҷамъбандӣ илова кунем. Чунончи, дар ин ҷумла:
«Агар аз як ҷой ба ҷойи дигар сафаркуниҳо намебуд, ӯ ин китобро кайҳо ба охир мерасонд».
Ин «калимаи» нӯҳҷузъро ба ибораи масдарӣ табдил диҳем, ин тавр мешавад: «Агар аз як ҷой ба ҷойи дигар сафар карданҳо намебуд...» Дар ин сурат сухан ранги тоҷикӣ мегирад.
ПАС, агар калимаи дарози пешоянднокро ба ибораи масдарӣ гардонем, аз ин ҷиҳат ҳам чизе аз даст намедиҳем.
Масдар дар забони тоҷикӣ дорои имкониятҳои фаровон аст ва метавон гуфт, ки ибораҳои масдарӣ ҳатто ба сифати истилоҳи илмӣ ҳам аз он калимаҳои сунъии ғайритабиъӣ беҳтар хизмат карда метавонанд.
Бояд зикр кунем, ки дар солҳои охир хеле ривоҷ ёфтани исмҳои феълии мураккаби пешоянддори серҷузъ бесабаб нест. Яке аз сабабҳо ин аст, ки рафиқон дар истилоҳсозӣ ин шаклро ҳам асосан муродифи он исми феълии русӣ, ки бо -ание ва -ение тамом мешавад, қа-рор додаанд: бавуҷудойӣ — возникновение, появление; бавуҷудоварии — создание; аз навташкилдиҳӣ — переоб-разование; аз навбарқароркунӣ — восстановление ва ди-гарҳо. Боз ҳам фақат барои он ки як калимаро бо як калима тарҷума кардан мумкин шавад, ин тарзи кали-масозиро ба миён овардаанд.
Ин ҳам аз «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1933 оғоз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё