Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

намеафтад. Ин гуна ибораҳо хеле бисёранд ва мумкин аст, ки дар оянда боз бисёртар шаванд.

Мо ақида дорем, ки имрӯз ҳам аз ин навъи ибораҳои феълии пешоянднок бо зӯрӣ калимаи мураккаб сохтан лозим нест. Модомки аз ибораи «ба вуҷуд омадан» калимаи бавуҷудойӣ сохтан мумкин набудааст, чӣ лозим, ки ба зӯрӣ ин калимаро сохта барорем? Беҳтар ин аст, ки аз калимасозии сунъӣ худдорӣ намуда, худи ибораро кор фармоем. Дар ҳақиқат чаро мумкин нест, ки ба ҷойи «бавуҷудойӣ»-и сунъӣ худи «ба вуҷуд омадан»-ро, ба ҷойи азхудкунӣ худи «аз худ кардан»-ро, ба ҷойи азгуноҳгузарӣ худи «аз гуноҳ гузаштан»-ро, ба ҷойи азнавбавуҷудойӣ худи «аз нав ба вуҷуд омадан»-ро ба кор барем? Мо ақида дорем, ки дар ин маврид аз калимасозӣ худдорӣ карда, ба ҷойи калимаи мураккаб худи ибораро истифода намудан лозим аст.

Дар он сурат аз навбарқароркунӣ не, балки аз нав барқарор кардан, имтиҳони аз синф ба синф гузаронӣ не, балки имтиҳони аз синф ба синф гузаронидан (ё гузаштан), аз навкоркардабаройӣ не, балки аз нав кор карда баромадан мегӯем, ки ин дуруст мешавад.

Аз ин назаргоҳ ҷумлаҳое аз қабили ҷумлаҳои зерин ислоҳ мехоҳанд:

«Равияи ба форсии тоҷикӣ шеъргӯйиро оғоз кард».

«Дар осмони беқанор шинокунии абрҳоро тамошо мекардам».

«Аз рӯҳияи хузнангез озодшавии ӯ суст давом мекунад».

«Ба гармиву сармо тоқатоварии худро исбот кардааст».

«Мавсими ҳайвон ба чаро сардиҳиро вақти ялагард мегӯянд».

«Ба бекористии мошинҳо роҳ намедиҳад».

«Синну соли банафақабароии ӯ расид».

«Ба шогирдон дурӯғгӯйӣ ба дилам зад».

Дар чунин ҷумлаҳо калимаи дарози чандқабатаро ба ибора табдил додан беҳтар аст: «Равияи ба форсии тоҷикӣ шеър гуфтанро оғоз кард», «Дар осмони беқанор шино кардани абрҳоро тамошо мекардам»; «Аз рӯҳияи хузнангез озод шудани ӯ суст давом мекунад»; «Ба гармову сармо тоқат овардани худро исбот кардааст»; «Мавсими ҳайвон ба чаро сар доданро вақти ялагард мегӯянд»; «Ба бекор истодани мошинҳо роҳ намедиҳад»; «Синну соли ба нафақа баромадани ӯ расид»

пешина
аз 393
навбатӣ