Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

шоянд сохта шудаанд, ҳамин аст, ки шакли аслии ҳалқию классикии онҳоро ёфтан ва кор фармудан даркор аст.

Мо дар бораи калимаҳои мураккабе, ки бо асоси замони гузаштаи феъл сохта шудаанд (гӯшзад, сарнавишт, коркард, ёддошт ва ғайра), дар яке аз бобҳои гузашта (боби «Истифодабарӣ») муфассалан сухан ронда будем.

Дар китобҳои луғат бисёр калимаҳои рехта ба назар мерасанд, ки ба ҷойи исмҳои феълии мураккаби пешванддори имрӯзан мо омадаанд. Чунончи: ҳамомезӣ ба маънои ба ҳам омехтан (ба ҷойи баҳамомехташавӣ) ҳаммонандӣ ба маънои монандӣ ба ҳамдигар (ба ҷойи баҳаммонандшавӣ), ҳамрас ба маънои ба ҳам расанда (ва аз он баҳамрасӣ ё баякдигаррасӣ сохтан зарур нест), ҳамрав ба маънои бо ҳам раванда (ки аз ин низ боҳамравӣ ё боякдигарравӣ сохтан лозим намеояд).

Чунин калимаҳо дар китобҳои луғат бисёранд. Онҳоро ҷамъ ва истифода кардан, инчунин сохти онҳоро омӯхта, дар калимасозӣ ба назар гирифтан зарур аст.

Истилоҳи русии районирование ба тоҷикӣ кайҳо боз барайонҳоҷудокунӣ ва районидан гуфта мешавад. Якумӣ тамоман ғайри қобили қабул ва дувумӣ ҳам сунъист. Ин аст, ки Т. Шокиров дар як мақола («Маданияти Тоҷикистон», 29 янв. с. 1982) барои истифодаи ин мафҳум истилоҳи «ноҳиябандӣ»-ро таклиф карда буд. Ба фикри мо, ин таклиф қобили қабул аст (ба монандӣ табақбандӣ, тақсимбандӣ, дастабандӣ, гурӯҳбандӣ, даврабандӣ ва ғайра).

Калимаҳои баплангирӣ ва балоиҳагирӣ (институти балоиҳагирӣ)-ро низ аз феъли дигар — аз феъли «кашидан» сохта, планкашӣ ва лоиҳакашӣ гуфтан беҳтар аст.

Чунонки дида мешавад, мафҳумҳоеро, ки ҳоло бо калимаҳои мураккаби пешоянддор (пешванддор) ифода мекунем, ба шаклу воситаҳои гуногун ифода кардан мумкин аст. Дар ин масъала майдони ҷустуҷӯй фарох аст ва дар ин майдон ҷавлон кардан лозим меояд.

Гурӯҳи севуми ибораҳои феълии пешоянднок онҳоеанд, ки калимаи мураккаб сохтан аз онҳо ҳеҷ мумкин нест, зеро на аз худи ибора ва на дар калимасозӣ пешоянд

пешина
аз 393
навбатӣ