Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

ҳам бо партофтани пешоянд калимаи ҳисобгирӣ (ба ҷои баҳисобгирӣ) сохтан мумкин бошад.
Ё ки ин ҷумларо бинем: «Духтар дар вақти бақадрасӣ дар зери парда нигоҳ дошта мешуд». Ин ҷо дар калимаи «бақадрасӣ» пешванд барзиёд омадааст ва онро беозор партофтан мумкин буд. Он гоҳ калимаи қадрасӣ ҳосил мегардид. Ӯ ба дурустии ин калима аз он ҷо бовар ҳосил мекунем, ки ибораи духтари қадрас дар забони халқ мавҷуд аст.
Нависанда П. Файзулло аз забони як қаҳрамонаш чунин ҷумладе овардааст: «Тез бош, вақти корбаро ҳам шуд». Калимаи корбаро дар навиштаҳои дигарон ҳам дида мешавад. Чунончи, Б. Фурӯз гуфтааст: «Соати корбаро фаро расид». Ин корбаро ҳам сухани халқист ва ҳамоно ба ҷои азкорбарой омадааст. Аз ин маълум мешавад, ки аз баъзеи чунин калимаҳо на фақат пешоянд, балки пасоянди «-ӣ»-ро ҳам партофтан мумкин будааст.
Боре камина дар Хуҷанд шунидам, ки касе ба дигаре мегуфт: «Шумо, ако, бисёр худрав шудагӣ». Агар хато накунам, ин калима ба маънои касе, ки аз худ рафтааст, кор фармуда шуда буд. Ба ҳар ҳол муҳим он аст, ки касе, ки чунин гуфт, аз ибораи «аз худ рафтан» калимаи азхудравӣ нахоҳад сохт.
Агар ба калимасозии халқӣ ва классикӣ, ки дар бобҳои гузашта мисолашро бисёр овардем, диққат кунем, равшан мешавад, ки дар бисёр мавридҳои дигар ҳам ҳангоми калимасозӣ пешоянд фурӯгузор мешавад. Калимаҳои дастовард, раҳовард, қаламдод, қарордод ва ғайра ҳамин тавр сохта шудаанд. Фарқи онҳо аз калимаҳое, ки дар аввали ин боб овардем (дарсравӣ, маънӣпаррасӣ, собуншӯӣ ва дигарҳо), дар он аст, ки на бо асоси замони ҳозираи феъл, балки бо асоси замони гузашта сохта шудаанд. Ин аст, ки исмҳои феълии бепешвандро бо асоси замони гузаштаи феъл ҳам сохтан мумкин аст. Ва ҳол он ки агар сохтани онҳо имрӯз ба ихтиёри мо мемонд, ҳатман бадасттоварӣ, азроҳравӣ, бақаламдиҳӣ, қарордиҳӣ мегуфтем.
Калимаҳои ёддошт, дастпухт, дастпарвард, назардошт низ аз ҷумлаи калимаҳое мебошанд, ки дар вақти калимасозӣ пешоянди ибора афтодааст. Инҳо ҳам имрӯз баёддорӣ, бедастпазӣ, бодастпарварӣ, баназардорӣ гуфтан мумкин нест. Ба ҷои назардошт гоҳ дарназардошт мегӯянд, ки онро номатлуб бояд донист.
Пас яке аз роҳҳои гурехтан аз калимаҳое, ки бо пе--

пешина
аз 393
навбатӣ