Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
мераванд — аз калимаҳои «хона», «кӯча», «шаҳр», «нишастан», «рафтан», «омадан» ва ғайра сохта шудаанд, на танҳо ин калимаҳо, балки худи ин ибораҳо ҳам бештар истеъмол мегарданд, рафта-рафта пешоянд афтидааст ва ибораҳо сабуктар шудаанд.
Ин ҳодиса аз он ҷиҳат ибратомӯз аст, ки халқ ҳамеша барои ҳар чӣ сабуктар ва равонтар шудани ибораҳо кӯшиш менамояд. Аммо қаламкашҳои имрӯза баръакси ин рафтор мекунанд.
Дар сурате, ки халқ аз баъзе ибораҳо ҳам партофтани пешояндро лозим донистааст, имрӯз ҳатто ба калима пешоянд часпондани мо бисёр аҷиб аст.
Аз ибораҳое, ки онҳоро бе пешоянд ҳам кор фармудан мумкин аст, калимаи мураккаб тартиб додан ҳеҷ душворӣ надорад. Калимаҳои зерин аз ҳамон ибораҳо сохта шудаанд: хонанишинӣ, гӯшанишинӣ, шаҳрравӣ (ҳатто бухороравӣ — С. Айнӣ), чойравӣ (ба меҳмонӣ рафтан), бозорравӣ, ҳаммомравӣ, магазинравӣ, колхозравӣ, хонабиёӣ (фақат ба маънои ба хона омадан), кӯчагардӣ, биёбонгардӣ, кӯҳбарой, хонахобӣ ва ҳоказо. Ин ҷо имконияти калимасозӣ хеле калон аст ва ҳар як ходими матбуот ҳам аз он истифода карда метавонад.
Ин гуна ибораҳо гурӯҳи якуми ибораҳои феълии пешоянддорро ташкил мекунанд.
Гурӯҳи дувуми ин ибораҳо, ҳамон тавре ки дар аввали ин баҳс дидем, чунонанд, ки аз худи онҳо пешоянд намеафтад, вале ҳангоми калимасозӣ онро партофтан мумкин аст. Муайян кардани ин ибораҳо душвор буда, онҳоро ёфтан ва аз онҳо калимаи мураккаб сохтан асосан ба устодони сухан ва таҷрибакорони забондон муяссар шудааст. Бино бар он дар ин кор хеле эҳтиёт шудани мо лозим аст.
Чунин ба назар мерасад, ки аз ибораҳои ба рӯйхат гирифтан ва ба навор гирифтан ҳангоми калимасозӣ пешояндро партофтан мумкин аст. Он гоҳ калимаи рӯйхатгирӣ ва наворгирӣ (ба ҷойи барӯйхатгирӣ ва банаворгирӣ) ба даст меояд, ки шаклан ба қоида мувофиқ аст. Аз ҷиҳати маъно ҳам, ба фикрам, мазмуни ибораи «ба рӯйхат гирифтан» ва «ба навор гирифтан»-ро ифода карда метавонад. Бояд гуфт, ки шакли бепешванди яке аз ин калима дар адабиёт дида шуд. Ҷ. Икромӣ гуфтааст: «Ба кори рӯйхатгирӣ давом додан гирифтаанд».
Ба ҳамин қиёс эҳтимол аз ибораи ба ҳисоб гирифтан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё