Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

як калима буда, ба шакли азсинфбасинфгузаронӣ, яъне якҷоя навиштан лозим аст. Ҳангоме ки онро якҷоя навиштем, ҳама расвоиҳои он маълум мешавад ва мебинем, ки ин «калима» на танҳо ду пешоянд («аз» ва «ба») дорад, балки калимаи «синф» ҳам дар таркиби он ду бор такрор шудааст.
Мисоли дигаре:
Чунонки дар баҳси гузашта гуфта будем, дар забони тоҷикӣ ибораҳои бисёр зебо ва хушоҳанги дил хуш кардан ва вақт хуш кардан ҳаст. Дар забони халқ аз ин ибораҳо калимаҳои мураккаби дилхушӣ ва вақтхушӣ сохта шудааст. Азбаски феъли ибора дорои ду калима («хуш кардан») буд, халқ ҳангоми калимасозӣ яке аз онҳоро, яъне феъли ёвари «кардан»-ро партофтааст. Ҳалқ ин ҷо ҳатто зикри як феълро боиси вазнин шудани калима ҳисоб карда, аз баҳри он гузаштааст. Аммо акнун бинед, ки калимасозҳои имрӯзаи мо ҳатто зикри ду феъбро боиси вазнин шудани калима намешуморанд ва ин гуна калимаҳо эҷод мекунанд: азнавкоркардабарой, аздигардидабарой ва хоказо. Яке аз ин калимаҳои мураккаб аз ҳашт ҷузъ ва дигаре аз ҳафт ҷузъ иборат аст! Чунин ба назар мерасад, ки тартибдиҳандагони ин калимаҳо мехоҳанд, ки баҳрро дар пиёла ғунҷонанд ва гаперо, ки бо як ибораи дароз гуфтан лозим аст, ба қолиби калимае ҷо кунанд.

Дар натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дар забони матбуот ва тарҷумаҳо калимаҳои чандқабата ва хеле вазнину дағал бисёр шуда истодааст. Ин калимаҳо низ забонро аз ҷодаи содагӣ ва табиият берун мебарад.

Он ибораҳои забони тоҷикӣ, ки бо пешоянд сар мешаванд, як хусусият доранд, ки гоҳ аз баъзеи онҳо афтидани пешоянд ҳам мумкин аст. Масалан: дар хона нишастан—хона нишастан, ба шаҳр рафтан—шаҳр рафтан, ба хона омадан—хона омадан, дар кӯча гаштан кӯча гаштан, ба кӯҳ баромадан—кӯҳ баромадан, дар хона хобидан—хона хобидан ва амсоли инҳо. Ҳарду шакли ин ибораҳо—ҳам бо пешоянд ва ҳам бе пешоянд дуруст ҳисоб мешавад. Сабаби ин ҳолат шояд ҳамин бошад, ки ибораҳои мазкур аз калимаҳои муқаррарие, ки дар муоширати ҳаррӯза бисёртар ба кор

пешина
аз 393
навбатӣ