Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

медиҳанд. Пас, магар он қоидае, ки дар боло зикр шуд, нодуруст будааст? Агар он қоида дуруст бошад, чаро аз ибораҳои «ба вуҷуд омадан», «аз даст додан», «ба даст даровардан» ва мисли инҳо бо партофтани пешоянд калимаи мураккаб сохтан мумкин нашуд?

Фаромӯш бояд кард, ки аз баъзе ибораҳо калимаи мураккаб сохтан мумкин аст ва аз баъзеи онҳо мумкин нест. Ин як қоидаи умумист, ки на танҳо дар забони тоҷикӣ, балки дар дигар забонҳо (масалан, дар забони русӣ) ҳам ҳаст. Чун дар забони тоҷикӣ қоидае будааст, ки аз ибораҳои феълии пешоянддор бо партофтани пешоянд калимаи мураккаб сохта мешавад, ин қоида ба мо чунон ҳуқуқе намедиҳад, ки аз ҳамаи ин гуна ибораҳо калимаи мураккаб сохтан гирем. Аз ин ибораҳо дар сурате, ки пешояндро партофтан мумкин бошад, калимаи мураккаб сохта мешавад, вагарна аз калимасозӣ худдорӣ кардан лозим меояд.

Ин ҳам яке аз қонунҳои муҳимест, ки забон бо он пойдор аст ва агар онро риоя накунем, ҳарчу марҷе рӯй медиҳад.

Мутаассифона, бисёр қаламкашҳо ин қоидаро риоя намекунанд. Онҳо чанд вақт боз қариб аз ҳамаи ибораҳои феълии пешоянднок калимаи мураккаб сохта истодаанд. Дар натиҷа дар ин соҳа дӯлобию рӯз то рӯз зиёдтар шуда истодааст.

Аҳли тарҷума ва матбуот ҳатто калимаҳое сохтаанд, ки на танҳо як пешоянд, балки ду пешоянд дорад. Чунончи: азнавбавуҷудойӣ, азнавбарқароркунӣ (дар калимаи якум пешоянди «аз» ва «ба», дар калимаи дувум пешоянди «аз» ва «бар» омадааст). Ба фикри мо, аслаи инҳоро калима номидан мумкин нест. Ҳар кадоми инҳо як ибораест, ки ҷузъҳои он ба таври сунъӣ ба якдигар часпонда шудаанд. Тасаввур кунед, ки агар бо ин роҳ рафтан гирем ва аз ҳар ибора калимаи мураккаб сохтан гирем, чизҳое ба даст меорем, ки аз қуттии ҳеҷ атторе ёфтан мумкин нест.

Аз ҷумлаи он чизҳое, ки дар қуттии атторе нест, вале аз забонхалтайи баъзе қаламдастҳои имрӯз ёфт мешавад, боз чанд мисол меорем.

Яке аз инҳо «имтиҳони аз синф ба синф гузаронӣ» мебошад. Инро одатан ҷудо менависанд, вале дар асл

пешина
аз 393
навбатӣ