Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
тагпӯшӣ (куртаи тагпӯшӣ), гапдарой, замонасозӣ ва ҳоказо.
Ҳамаи инҳо калиман мураккаб—исми амал мебошанд. Ғайр аз ин, ҳамаи инҳо аз чунин ибораи феълӣ сохта шудаанд, ки бо пешоянде сар мешавад. Калимаҳои мазкур аз ибораҳои зерин сохта шудаанд: аз кор гурехтан, аз мактаб гурехтан, аз мардум гурехтан, ба фарёд расидан, ба маънӣ расидан, ба дида даромадан, ба дарс рафтан, бо собун шустан, бо мушт солидан, дар дил нишастан, ба роҳ бурдан, аз пай рафтан, аз рӯй пӯшидан, аз таг пӯшидан, ба гап даромадан, бо замона сохтан (замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз—зарбулмасал). Вақте ки ин ибораҳоро бо он калимаҳо муқойса менамоем, равшан мешавад, ки ҳангоми калимасозӣ аз ҳамаи ин ибораҳо пешоянд партофта шудааст.
Аз ин ҷо қоидае ҳосил мешавад, ки онро тақрибан ин тавр баён кардан мумкин аст: агар аз ибораи феълии масдарине, ки дар аввали он пешоянда ҳаст, калимаи мураккаб сохтан лозим ояд, дар вақти калимасозӣ он пешоянд партофта мешавад.
Аз ҳамин сабаб аст, ки худи калиман ёдоварии дуруст буд ва ба он пешоянди «ба» илова кардан ҳаргиз лозим набуд.
Дар «Фарҳанги осори Ҷомӣ» калимаҳои айвонхиромӣ, гардунхиромӣ, маснаднишинӣ ва ғайра дарҷ ёфтааст.
Шоир ин калимаҳоро аз таркибҳои масдарии дар айвон хиромидан, дар гардун хиромидан, ба маснад нишастан сохтааст, вале барои сохтани онҳо пешоянди таркиби феълро партофтааст.
Акнун меоем ба сари он калимаҳои тозабаромади садаи 20, ки аз қабили бавуҷудӣ, аздастдиҳӣ, бадастдарорӣ, азгуноҳгузарӣ, баплангирӣ, азнавсозӣ ва мисли инҳо мебошанд. Ин калимаҳо аз ибораҳои зерин гирифта шудаанд: ба вуҷуд омадан, аз даст додан, ба даст даровардан, аз гуноҳ гузаштан, ба план гирифтан, аз нав сохтан. Лекин ҳангоми аз ин ибораҳо калимаи мураккаб сохтан пешоянди ибора партофта нашудааст.
Аз ин ҷиҳат он калимаҳо ба қоидаи мазкурӣ калимасозӣ мувофиқ нестанд.
Пас, чӣ кор кардан даркор буд? Оё агар пешояндро мепартофтем, ин калимаҳо шакли дуруст мегирифтанд?
Не, агар аз он калимаҳо пешояндро фурӯгузор намоем, «вуҷудӣ», «дастдиҳӣ», «дастдарорӣ» ва ғайра ҳосил мешавад, ки инҳо ё маъние надоранд ё маънои дигаре

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё