Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Боз як гурӯҳ калимаҳои мураккаб ҳастанд, ки аз ҷиҳати сохт ба дурустии онҳо аксаран шубҳаи кас меояд.
Мо калимаҳои бавуҷудой, аздастдиҳӣ, бадастдарорӣ, азгуноҳгузарӣ, баплангӣ, барӯйхатгирӣ, аздигарсозӣ, азназаргузаронӣ, баёдоварӣ ва ғайраро дар назар дорем. Дар навиштаҳои имрӯза ин хел калимаҳо хеле бисёранд ва аксарашон ба луғати тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ ҳам даромадаанд. Дар забони насрнависони имрӯзаи тоҷик (аз он ҷумла баъзе нависандагони барҷаста) низ гоҳо ин гуна калимасозӣ мушоҳида мешавад.
Шубҳаеро, ки нисбат ба сохти ин қабил калимаҳо ҳаст, беҳтар аз ҳама бо мисоли калимаи баёдоварӣ шарҳ додан мумкин аст. Ин калима ба назар бисёр аҷиб менамояд, зеро мо онро дар забони адабӣ ва гуфтугӯ ба шакли ёдоварӣ дида ва шунида одат кардаем. Имрӯз аз чӣ бошад, ки «ёдоварӣ» моро қаноат накунонидааст ва ба он илова кардани як пешоянди «ба»-ро зарур донистаем. Шояд ин пешоянди «ба» маънои калимаро дигар карда бошад? Не, маъноро дигар накардааст. Пас, ин пешоянд (ё пешванд) ба он калимаи рехта ва зебо чаро илова шудааст?
Калимаи мураккаби ёдоварӣ аз ибораи ба ёд овардан сохта шудааст. Ин ибора бо пешоянд сар мешавад. Лекин дар вақти калимасозӣ халқ пешояндро партофтааст ва фақат аз исм, асоси феъл ва пасванди -й калимаи мураккаб ба вуҷуд омадааст: ёд-овар-й.
Ин корро халқ карда буд. Аммо ба назари калимасозҳои имрӯза чунин намудааст, ки ин ҷо пешоянд беҳуда партофта шудааст. Бинобар ин онҳо он пешояндро ба калима ҳамроҳ карда, калимаро ба шакли баёдоварӣ даровардаанд.
Ба фикри мо, ин кори он калимасозҳои навбаромад нодуруст аст. Калимаҳои зеринро, ки аз забони адабӣ ва гуфтугӯ гирифта шудаанд, аз назар гузаронем: коргурезӣ, мактабгурезӣ, мардумгурезӣ, фарёдрасӣ, маънирасӣ, дидадарой, дарсравӣ, собуншӯйӣ, муштмолӣ, дилнишинӣ, роҳбарӣ, пайравӣ, рӯйпӯшӣ (ҷомаи рӯйпӯшӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё