Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Дар охир мулоҳизаи зеринро ҳам ба назар гирифтан лозим аст. На танҳо дар калимаҳои мураккабе, ки бо «худ» сохта шудаанд, балки умуман дар ҳамаи калимаҳои мураккабе, ки аз ибораи феълии дорои се калима тартиб ёфтаанд, халқ кӯшиш кардааст, ки асоси феълро партояд. Ин қоида қоидаи умумии аксари калимаҳои мураккабест, ки аз ибораи феълии сохта шудаанду он ибораи феълӣ аз се калима иборат аст.
Чунончи, дар забони тоҷикӣ ибораи масдарии дил хуш кардан ҳаст. Халқ аз он ибора калимаи мураккаби дилхушӣ сохтааст. Халқ ҳангоми сохтани ин калимаи мураккаб асоси феъли «кардан»-ро фурӯгузор намудааст, яъне дилхушкунӣ нагуфтааст. Ва ҳол он ки агар қаламдастҳои имрӯзаи мо аз ибораи «дил хуш кардан» калимаи мураккаб сохтаӣ мешуданд, албатта, «дилхушкунӣ» мегуфтанд.
Калимаи дилпурӣ ҳам аз ибораи масдарии дил пур кардан сохта шудааст. Лекин халқ ҳангоми тартиб додани ин калимаи мураккаб асоси феъли «кардан»-ро партофтааст. Дар бораи калимаи вақтхушӣ, ки аз ибораи вақт хуш кардан аст, низ ҳаминро гуфтан лозим аст. Ё ки ин байти халқиро бинем:
Эй ҷӯраи нозанин, ту ғамгин мабош,
Ин зиндаҷудойӣ бар сари чандинай.
Ин калимаи мураккаби зиндаҷудойӣ аз ибораи феълии зинда ҷудо шудан омадааст. Лекин халқ боз ҳам зиндаҷудошавӣ нагуфтааст, балки ҳангоми калимасозӣ аз баҳри асоси феъл баромадааст.
Калимаҳои манзилободӣ ва дилхаробӣ, ки дар як баҳси боло дидем, низ монанди дилхушӣ ва дилпурсӣ мебошанд. Аз ибораи масдарии онҳо низ феъли ёвари «кардан» партофта шудааст ва манзилободкунӣ ва дилхаробкунӣ гуфтан мумкин нест.
Ин ҷо кӯшиши халқ дар роҳи ин ки калима бояд сабук, равон ва табиъӣ бошад, мушоҳида мегардад.
Асоси феъл дар бисёр мавридҳо калимаро вазнин ва аз ҳолати табиъӣ берун мекунад. Табиати забони мо ҳамин аст. Мо ҳам бояд кӯшиш кунем, ки ин табиати полукписанди забонамон хира нашавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё