Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, дар як маврид ду шакли калимаро ба ду тарз
—як бор бо исми феълии мураккаби серҷузъ ва бори дигар бо ибораи масдарӣ изоҳ додааст; муқобала—ду китобро бо ҳам рӯ ба рӯ карда ғалатҳои онҳоро дурусткунӣ (ин исми феълист, ки зиёда аз 15 ҷузъ дорад), муқобалат—бо якдигар рӯ ба рӯ шуда баробарӣ кардан (ибораи масдарӣ).

Паси якдигар омадани ин ду изоҳ, ба гумони мо, чунин маъное дорад, ки устод баробарҳуқуқии ҳарду шакл (исми феълии серҷузъи пешоянду пасоянднок ва ибораи масдарӣ)-ро махсусан таъкид кардан мехоҳад.
Мумкин аст, ки ин ҷо мувозеан омадани ду тарзи изоҳ маънои дигаре ҳам дошта бошад: устод мехост, ки дар шарҳу баёни феълҳои арабӣ роҳи наве пеш гирад, яъне бо исми феълӣ изоҳ додани онҳоро дар фарҳангсозӣ ҷорӣ намояд, аммо аз тарзи анъанавии изоҳи феълҳои арабӣ, ки бо ибораи масдарӣ изоҳ додани онҳост, низ даст кашида натавонистааст, ин шакли анъанавӣ ҳам гоҳ худ ба худ ба қалам омадааст.

Муайян кардани ин ки кадоми ин гумону тахминҳо дуруст аст, ҳоло душвор менамояд. Афсӯс ки устод усули (принсипҳои) илмии худро дар муқаддимаи «Луғати нимтафсилӣ» ҳамаҷониба баён накардааст. Бино бар ин ҳоло оид ба чунин масъалаҳо бо қатъият сухан кардан шояд кори нодуруст шавад. Хулосаҳои қатъиро то тадқиқи махсус мавқуф гузоштан лозим меояд.

Вале дар бораи он исмҳои феълии серҷузъи пешоянду пасоянднок, ки устод сохтааст, як-ду нуктаро хотиррасон кардан мехоҳем. Аввало бояд таъкид кунем, ки ҳамаи он бо ҳам аҳдбандӣ, бо касе ҳазлу шӯхикунӣ, чизеро равшан ва рӯ ба рӯ истодабинӣ ва ғайраро калимаи мураккаб ҳисоб кардан даркор аст, чаро ки ҳамагӣ ба қолиби бавуҷудойӣ, азназаргузаронӣ ва монандӣ инҳо рехта шудаанд. Фарқ фақат дар ин аст, ки дар бавуҷудойӣ ғайр аз асоси феъл танҳо як пешоянду як исм («ба» ва «вуҷуд») иштирок дошта, аммо калимаҳои устод чанд исм, пасоянд, ҷонишин, феъли хол ва ғайраро дар бар гирифтааст. Яъне ҷузъҳои калима ададан афзуда хеле гуногун шудааст, вале қолиб ҳамон аст, ки буд.

Сониян, афзоиши адади ҷузъҳо ва гуногунии онҳо ба
андозаст, ки ҳадду ҳудуд надорад—ба ҳар кадоми ин
калимаҳо чанд ҷузъи дигар ки хоҳем, илова карданамон мумкин аст. Пас ин ҷо як шарти калимасозӣ риоя

пешина
аз 393
навбатӣ