Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Бисёр нозук ба назар гирифта шудааст. Аммо дар шакли чорҷӯзъаи имрӯза, ки дар қарни 20 пайдо шуд, баръакс, ҳамин борикбинӣ аз миён рафтааст. Чунин «навоварие», ки моро аз нозукфаҳмӣ маҳрум мекунад, арзише надорад. Аз чунин тарзи нав тарзи кӯҳна беҳтар аст.
Оё мумкин аст, ки шакли нави калимасозӣ, ин қолиби тозаи калимаҳои мураккаб ба шаклу қолибҳои мавҷуда тамоман зид бошад ва онҳоро вайрон кунад? Ба фикри мо, ин тавр шуданаш бояд мумкин набушад. Шакли нав бояд ба қонунҳои мавҷудаи забон зид набошад, балки дар натиҷаи инкишофи шакли мавҷуда ҳосил шавад ва нисбат ба шакли кӯҳна беҳтар бошад. Аслан қолиби «худхизматрасонӣ» ҳатто қолибе нест, ки ба ҷойи қолиби кӯҳнае омада бошад. Қолиби аслии ин калима қолиби «худнамоӣ», «худдӯстӣ», «худогоҳӣ» ва ғайра барои забони имрӯза шакли кӯҳна нест, шакле нест, ки аз байн рафта истода бошад, ба қатори архаизм гузашта истода бошад, ин шакл ҳанӯз мустаъмал аст, ҳанӯз дар забон вуҷуд дорад.
Дар забони имрӯзаи тоҷикӣ то чӣ андоза мавқеи мустаҳкам доштани шакли аслии ин навъи калимасозӣ аз мулоҳизаи зерин маълум мешавад.
Чунонки зикр шуд, дар забони адабиёти классикӣ ва гуфтугӯйи халқ гурӯҳи якуми ин навъи калимаҳо аз феълӣ сохта шудаанд: «худфирибӣ» — аз «худ фиребидан», «худбоварӣ» — аз «худ боваридан» ва ғайра. Маълум аст, ки дар забони адабии имрӯза феъли содаи ин ибораҳо асосан ба феъли таркибӣ табдил ёфтааст. Имрӯз мо «фиребидан» ва «боваридан» намегӯем, балки «фиреб додан» ва «бовар кардан» мегӯем (мумкин аст, ки танҳо дар шеър баъзан шакли «фиребидан» дучор шавад). Вале бо вуҷуди ин, калимаҳои худфирибӣ ва худбоварӣ дар забони имрӯза ҳам ба ҳамон шакли аслии худ мондаанд, яъне баъди ба феъли таркибӣ табдил ёфтани он феълҳои сода ҳеҷ кас ин калимаҳоро ба шакли худфиребдиҳӣ ва худбоваркунӣ надаровардааст. Ҳатто калимаи худдӯстӣ, ки чи дар гузашта ва чи дар забони имрӯза феъли он феъли таркибист, шакли «худдӯстдорӣ»-ро нагирифтааст.
Ин аст, ки ҳамон қоидаи калимасозӣ имрӯз ҳам амал мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё