Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Вале акнун дар баробари ин қоида як қоидаи дигаре ҳам пайдо шудааст, ки дар таркиби калима нигоҳ доштани асоси феъл мебошад. Агар ин ду қоида зидди якдигар намебуд, эҳтимол мумкин буд, ки ҳарду баробар давом кардан гирад, то ки рафта-рафта яке аз онҳо мавқеи асосӣ ишғол намояд ва он гоҳ дигаре аҳамияти худро гум кунад. Азбаски дувумӣ дар натиҷаи ба назар нагирифтани якумӣ, яъне дар натиҷаи фаромӯш кардани яке аз қонунҳои асосии калимасозии тоҷикӣ ба вуҷуд омадааст, бояд дар забони имрӯзаи мо ҳуқуқе надошта бошад. Ин ҷо тамоман равшан аст, ки ходимони матбуот, тарҷумонҳо ва истилоҳсозҳо дар вақти сохтани калимаҳои нави «худтанқидкунӣ», «худхизматрасонӣ» ва мисли онҳо муҳимтарин қоидаи забони тоҷикиро вайрон кардаанд.
Ин хатои ходимони матбуот ва тарҷумонҳоро ислоҳ кардан даркор аст. Агар худхизматӣ, худифшой ва ғайра маъқул набошад, ягон илоҷи дигаре фикр кардан мумкин будагист. Масалан, шояд баъзан ба ҷойи худтанқидкунӣ — танқиди худ ё ба ҷойи худмудофиакунӣ — мудофиаи худ гуфтан ҳам мумкин бошад. Чунончи, Бедил гуфтааст:
Дониш агар камол аст, фаҳми худат муҳол аст,
Дил ғарқи инфиол аст. Юнони зери обӣ.
Ин ҷо фаҳми худ ба ҷойи худфаҳмӣ, яъне ба маънои худшиносӣ омадааст. Истилоҳи худшиносӣ ҳам дар адабиёти илмӣ ба шакли шинохти худ низ меояд ва ба ҳарду шакл ҷорист. Самосохранение-ро дар баъзе китобҳои луғат муҳофизати худ гуфтаанд. Дар дигар мавридҳо ҳам бо ибораи изофӣ ифода кардани чунин маъноҳо бисёр дида мешавад. Чунончи, дар луғати Айнӣ ибораи мудофиаи худ ҳаст ва чунин эзоҳ ёфтааст: дафъ кардани зарар ва ҳуҷум аз худ.
Ғайр аз ин, дар чунин мавридҳо баъзе роҳҳои дигари калимасозӣ низ ҳаст. Чунончӣ, дар гуфтугӯ аз ибораи худро калон гирифтан калимаи калонгирӣ сохта шудааст. Ин ҷо калимаи «худ»-ро, ки дар ибора ҳаст, дар вақти калимасозӣ фурӯгузор кардаанд, яъне аз ин гуна ибораҳо бидуни зикри «худ» ҳам калимаи мураккаб сохтан мумкин будааст. Эҳтимол ин тарзи калимасозӣ ҳам дар чунин мавридҳо лозим шуда монад. Боз роҳҳои дигаре ҳам мавҷуд будагист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё