Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ш. Рустамов бовар дорад, ки худтарбия ё худтарбиягӣ ҳаргиз ҳаммаънои худтарбиякунӣ нест. Ба ақидаи ӯ, калимаи «худтарбиягӣ»-ро ду хел фаҳмидан мумкин мешавад: ба тарбияи худ машғул будан ва худ ба тарбия машғул будан. Аммо аз калимаи худтарбиякунӣ танҳо як муносибат—муносибати объектӣ мушоҳида мешавад, ки он маҳз ба туфайли феъли ёридиҳандаи «кардан»... имконпазир шудааст1.

Дар масъалаи ин, ки худтарбиягӣ ду маъно дорад, гапи Ш. Рустамов ҳақ асту рост. Аммо ба он фикри ӯ, ки аз худтарбиякунӣ фақат як маъно бармеояд, розӣ шудан мумкин нест. Худтарбиякунӣ ҳам ду маъно дорад: ба тарбияи худ машғул будан ва худ ба тарбия машғул будан. Айни ин ду маъно, ки дар худтарбиягӣ ҳаст, дар худтарбиякунӣ ҳам ҳаст. Дар ин маврид байни ин ду шакли як калима фарқе ба назар намерасад.

Бисёр калимаҳои дигаре, ки аз «худ» ва асоси феъл сохта шудаанд, низ дорои ду маъно мебошанд: худтанқидкунӣ — худро танқид кардан ва худ бо танқиди дигарон машғул шудан аст; худхизматрасонӣ — хизмати худро адо кардан ва худ хизмати дигаронро ба ҷо овардан аст; худтакмилдиҳӣ — худро такмил додан ва худ ба такмили дигарон шуғл варзидан аст; худмаҳдудкунӣ — худро маҳдуд кардан ва худ ба маҳдудияти дигарон кӯшидан мебошад. Ин ҳол аз баъзе калимаҳои дигар, ки дар ин фасл овардем, низ ба мушоҳида мерасад.

Аз ин ҷо тамоман равшан аст, ки асоси феъл дар ин мавридҳо маънои калимаро дигар ё мушаххас карда наметавонад. Ин боз ҳам далели нодаркории он аст: модоме ки аз дасташ коре намеояд, аз бори гарони он халос шудан лозим аст.

Шояд ба ҳамин ваҷҳ бошад, ки устодони сухани классикӣ аз шакли чорҷӯзъаи ин калимаҳо худдорӣ кардаанд, худбоваркунӣ, худдӯстдорӣ, худбаҳодиҳӣ ва монандӣ инҳо нагуфтаанд, балки шакли сеҷӯзъаи онро авло дониста, худбоварӣ, худдӯстӣ, худбаҳоӣ гуфтаанд. Онҳо ба ин ки калимаҳои мазкур ба ҳамин шакли сеҷӯзъа ду маъно дорад ё не, аҳамият надодаанд. Инро пишонаи бедиққатии онҳо донистан лозим нест, балки таъкид бояд кард, ки ин ҷо ниҳояти сухансанҷӣ зоҳир гардидааст. Дар шакли классикии сеҷӯзъаи ин калимаҳо алоқаю муносибати ҷузъҳо ба дараҷаи ҳайратангез

1 Ҳамон асар, саҳ. 114.

пешина
аз 393
навбатӣ