Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

даҳои он эҳтиром надоранд, сахт мубориза бурдандро талаб кард.

Дар солҳои ҷанги зидди фашизми Олмон, албатта, барои вусъат додани ин туна мубориза фурсат набуд. Вале пас аз ҷанг дар Тоҷикистон дар бораи вазъи забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ ва камбудиҳои забони матбуоту нашриёт як баҳсу мунозираи доманадоре шурӯъ шуд. Ин баҳс гоҳо андаке хомӯш гардад ҳам, пас аз муддате боз шиддат меёфт ва доираи иштироккунандагони он васеътар мешуд. Гуфтан мумкин аст, ки ин баҳс то охири қарни бист давом кард.

Аввали ин гуфтугӯҳоро дар матбуот асосан соли 1952—1953 ҳисоб кардан мумкин аст. Соли 1952 рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» дар бораи маданияти сухан мубоҳисаи калоне сар кард, ки чанд моҳ давом ёфт. Дар мақолаҳое, ки он вақт дар ин рӯзнома чоп гардиданд, бисёр масъалаҳои муҳим ба миён гузошта ва фикрҳои ҷолиби диққат гуфта шуданд.

Баъд аз он ҳам дар маҷлиси созмонҳои адабӣ ва дар саҳифаи рӯзномаву маҷаллаҳо баҳсу мунозира қатъ нагардид.

Устод Айнӣ дар ҳар маҷлис имконияти сухан кардан ёбад, албатта, аз хусуси забон гап мезад ва пас аз вафоти ӯ қайдҳои бисёр муҳими вай доир ба забони тарҷумаҳои бадеӣ чоп шуд, ки пур аз мушоҳидаву мулоҳизаҳои аҷиб ва ибратомӯз мебошанд. А. Деҳотӣ низ дар аксари маҷлисҳо дар бобати вайронкориҳое, ки дар соҳаи забон мушоҳида мегардид, гоҳ бо қаҳру ғазаб ва гоҳ бо истеҳзову мутоиба сухан меронд ва чанд мақола ҳам навишта буд. Баъзе нависандагони дигар ҳам дар ошкор кардани норасоиҳои забони матбуот хизмат карданд. Алалхусус мақолаҳои Ҷ. Икромӣ, Т. Зеҳнӣ, Р. Ҳошим, Э. Муллоқандов, Ҳ. Аҳрорӣ ва баъзе рафиқони дигар бисёр маводи аҷиб, фикру мулоҳиза ва таклифҳои муҳимро дар бар мегиранд.

Соли 1963 бо ташаббуси рӯзномаи «Маориф ва маданият» мақолаи Раҳим Ҳошим «Сухандонӣ ва суханронӣ» ба майдон омад ва низ боиси сар шудани як мубоҳисаи калон гардид. Боз мақолаи бисёре чоп шуд, боз фикрҳои муҳим гуфта ва мисоли бисёре бо таҳлили муфассал оварда шуд, роҳҳои ислоҳи як миқдор камбудиҳои ҷиддии забони матбуоту нашриёт нишон дода шуд.

Албатта, ҳукм кардан мумкин нест, ки дар ин мубоҳисаҳо ҳар чиз, ки гуфта шуд, тамоман дуруст ва қобили

пешина
аз 393
навбатӣ