Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ривоҷу равнақи табиии забони адабӣ халал мерасонад.

Донишмандони забоншинос ва мутахассисони мада-нияти сухан ба зарурати муҳофизати забони адабӣ аз фишори одигӯйӣ диққати махсус додаанд. Аз ҷумла профессор Л. И. Скворцов гуфтааст: «Одӣ шудани за-руриву табиӣ, ки дар доираи нутқи гуфтугӯйи маъму-лии раванда ба сӯйи яксониву ҳамгаройӣ (унификатсия ва интегратсия) рӯй медиҳад, набояд ба таври механи-кӣ ба нутқи китобии навишта, ба жанрҳои гуногуни ро-битаи адабии анъанавӣ гузаронда шавад. Забони адабӣ анъанаҳои фарҳангиро мустаҳкам менамояд, ёдгориҳои фарҳанги маънавии халқро ба як ганҷина гирд меова-рад ва ба ин маъни олитарин нуқтаи фарҳанги сухан аст, меъёр ва оғозҳои санҷиши рӯйдодҳо аст, ки ба си-фати мизон (норматив) бояд дарк шаванд»1.

Одӣ ва дурушт шудани сухан, беэҳтиной нисбат ба дурустиву зебоии он, вайрон кардани қоидаҳои забон ва ба назар нагирифтани меъёрҳои он ҳодисаи манфи-ест, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти маънавии ҷомеа зиён меорад. Вай фикру ҳисси мардумро ба бенизомӣ ва бе-сарусомонӣ одат мекунонад, табъҳоро вайрон ва ду-рушт, эҳсоси зебоиро кунд месозад.

Табиист, ки дар Тоҷикистон вайронкорӣ дар соҳаи забон ва беэҳтиной нисбат ба тозагии он чандин бор боиси эътирози аҳли ҷамъият гардид. Баъзеи ин эъти-розҳо аз солҳои сӣ дар матбуоти даврӣ инъикос ёфтан гирифтанд. Устод Айнӣ ва баъзе адибони ҷавон, аҳли матбуот ва тарҷумонҳо зарурати риояи тозагии забон-ро тунду тез ба миён гузоштанд. Аз ҷумла мақолаи шо-ир Ҳабиб Юсуфӣ «Баъзе фикрҳо дар бораи забони ада-бии тоҷик» («Тоҷикистони Сурх», 1939, 17 апрел) ва тарҷумон Эмонуил Муллоқандов «Китобҳое, ки бояд сармашқи тарҷумонҳо ва муҳаррирони мо шаванд» («Тоҷикистони Сурх», 1941, 24—30 март) чоп шуд.

Чунонки маълум аст, устод Айнӣ пас аз чоп шудани мақолаи Э. Муллоқандов ба муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» мактуби махсусе навишт (ки ин дар маҷаллаи «Садои Шарқ», 1957, № 7 чоп шудааст) ва фикрҳои Э. Муллоқандовро комилан дастгирӣ намуда, ба муқобили касоне, ки нисбат ба забон ва меъёру қои-

Скворцов Л. И. Теоретические основы культуры речи. — М.: Наука, 1980, с. 193.

пешина
аз 393
навбатӣ